|

Ҳимояи боз як рисолаи номзадӣ дар бахши иқтисодиёт
Санаи 12-юми декабри соли ҷорӣ устоди донишгоҳ Зиёев Бунёд Сайбурҳонҷонович рисолаи илмии номзадии худро дар мавзӯи “Совершенствование механизма регулирования землепользования в условиях аридного региона (на материалах Хатлонской области Республики Таджикистан)” аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) дар шӯрои диссертатсионии якҷояи Д 999.020.02 дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудратов Рустам Раҳматович бо муваффақият ҳимоя намуд. |
|
|
Хабарҳо
|
|
ГУЗОРИШИ ИДОМАИ КОНФРОНС ДАР БАХШҲО АЗ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
 Дар асоси нақшаи-чорабиниҳои донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён дар бахшҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф барои солҳои 2020-2040 дар бахшҳои идома дорад.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАРСИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
 Дар дарси имрӯза гуфта шуд, ки маърифати ҳуқуқии корманд ва корфармо ифодаи худро аз ҷумла дар донистани нуқтаҳои асосии қонунгузорӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои субъективии онҳо меёбад.
 |
|
|

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба чакан ва анҷоми Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Дар донишгоҳ санаи 22-юми декабр ба шарафи дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият шомил шудани чакан чорабинии тантанавии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинии ҷашнӣ, ки бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон идома ёфт, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
|
|

Маҳфили илмию адабӣ бахшида ба гиромидошти Сайидои Насафӣ
Дар толори факултети филологияи тоҷик санаи 20-уми декабр ба муносибати 400-солагии суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Мақоми Сайидои Насафӣ дар шеъру адаби тоҷик” баргузор шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ширкат намуда, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир маърӯзаҳо шунида шуд ва барномаи адабӣ бо қироати шеърҳо аз сурудаҳои шоир пешкаш гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 424 из 656 |