• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

Аз замоне ки башарият таҷрибаи дар ҷомеаҳо ва баъдан дар ҳудуди давлатҳо зистанро пайдо кард, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усули нигаҳдошти иқоъ ё гармония миёни шахсиятҳо ва давлат бо дарназардошти тарзи андешаву ҷаҳонфаҳмиву эътиқоди мардум ва шаклҳои давлатдорӣ мунтазам меафзояд. Агар ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Иммануил Кант, “вазифаи давлат расонидани мардум ба саодати маънавӣ” бошад, пас роҳҳои дарёфти ин саодатро андешамандону мутафаккирон аз даврони антиқа то замони мо меҷӯянд ва садҳо таълимоту ғояҳо ва консепсияҳои мухталиф рӯйи кор омадаанд.

 

 

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИД

2.jpg - 37.11 KbРӯзи 16 - уми ноябри соли равон дар Кохи Сурӯш бо иштироки васеи аҳли зиёи кишвар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни мазкур Раҳматулло Қувватов – донишҷӯи курси 5 – уми факултети таҳсилоти ибтидоӣ  дар наминатсияи “Сарояндагии анъанавӣ” миёни довталабони аз 18 то 40-сола иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Раёсати донишгоҳ  Раҳматулло Қувватовро барои ба даст овардани ғолибияти озмуни мазкур табрику таҳният намуда, дар оянда фатҳи баланди қуллаҳои илмиву эҷодиро таманно менамояд.

 
Хабарҳо
Министерство индустрии и новых технологий Таджикистана сообщило об увеличении темпов промышленного производства в стране в текущем году
 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” ДАР МАВЗУИ “ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ”
27-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмию маърифатии «Хирадманд» дар мавзуи «Таҳкими худшиносии миллӣ дар раванди давлатдории дунявӣ» баргузор гардид.
Маҳфили илмию маърифатиро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети таърих ва ҳуқуқ н.и.п., профессор М. Каримзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар азму иродаи онҳо доим такомул дода шаванд.
 

 

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ

ДОНОӢ КИТОБ АСТ...”, ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

9.jpg - 49.82 KbРӯзи 16 - уми ноябри соли равон дар Кохи Сурӯш бо иштироки васеи аҳли зиёи кишвар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, ҷамъбаст гардид. Бояд зикр намуд, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ, дар даври шаҳрии озмуни мазкур 11 нафар довталабон иштирок намуда, 6 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

 


Страница 44 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj