• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

НАШРИ КИТОБИ НАВ ДАР СОҲАИ ПСИХОЛОГИЯ ВА ТАРБИЯИ ОИЛАВӢ
Кафедраи умумидонишгоҳии психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи ҳамкориҳои илмӣ бо Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон китоби наверо таҳти унвони «Оиладорӣ ҳам одоб аст» ба табъ расонид.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, роҳбарони синф ва дигар мутахассисони соҳаи маориф пешбинӣ гардида, ба масъалаҳои ташаккули фарҳанги оиладорӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақили оилавӣ бахшида шудааст.
Ҳадафи асосии нашр баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ дар миёни ҷавонон ва мусоидат ба ташаккули арзишҳои устувори ахлоқиву иҷтимоӣ мебошад. Муаллифон масъалаҳои муҳимми равонӣ-педагогиро бо такя ба таҷрибаи илмӣ ва ниёзҳои муосири ҷомеа баррасӣ намудаанд.
 

 

БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТ!

10.jpg - 60.55 Kb

Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони “Авангард” озмуни ҷумҳуриявии “Шеър, достон ва мақолаи публисистии беҳтарин” дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 14 то 30-солаи кишвар эълон гардида буд. Озмуни мазкур санаи 16-уми ноябри соли 2021 дар Академияи ВКД ҶТ бо иштироки васеи иштирокчиёни ин озмун ҷамъбаст гардид.

Қобили қайд аст, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳар се номинатсия 9 нафар довталабон иштирок варзиданд.

 
Хабарҳо

Yesterday at 16:00 local time, 77 Afghan citizens, including 26 men, 20 women and 31 minors, who were mostly Kyrgyz origin residents of the Andemin village of the Wakhan district of Badakhshan province, fearing persecution by the Taliban and in order to save their lives, crossed the state border in the area of Kyzyl-Rabot rural community of the Murgob district and entered Tajikistan, reports the Press Center of the Border Troops of the State Committee for be National Security.

 
Хабарҳо

КАМБУДИҲО БОЯД ЗУДТАР ИСЛОҲ ГАРДАНД!
Дар мулоқоти муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Сироҷиддин Раҷабзода бо мудирони кафедраҳои донишгоҳ маҷмуи васеи масъалаҳои марбут бо фаъолияти илмии устодон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки ҳарчанд фаъолияти илмии донишгоҳ назаррас аст, аммо то кунун дар фаъолияти мудирони кафедра ва устодон камбудиҳои назаррас дида мешавад.
 

 

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

2.jpg - 242.96 Kb12.11.2021 дар Гимназияи №4-и барои хонандгони болаёқати шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф ифтитоҳ намуд.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон,  профессор Махфират Хидирзода, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, профессор Диноршоҳ Азиз, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода ва муовини сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ, ба як қатор кормандони соҳаи маориф ба ифтихори 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо қарори Шӯрои  вазирони корҳои хориҷии ин созмон, аз 14.07.2021, таҳти №13 бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадрдонӣ гардонида шуданд.

 


Страница 45 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj