|

16 НОЯБР ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД
(Ба ифтихори мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали НБО «Роғун»)
Гузашти ҳар лаҳзаву ҳар соат моро ба 16 ноябри соли 2018-Рӯзи Президент боз ҳам наздиктар месозад. Ин санаи фархунда дубора дар ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик гардиши куллие ба миён меорад. Боз саҳифаи китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин рӯзро ба ҳукми тақдир барои кишваре бо номи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи нуру нурборон ба қалам медиҳад.
|
|
|
Хабарҳо
|
КУМАК БА МАЪЮБОН – РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДОН 17 феврали соли 2024 бо ибтикори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултети психология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- методӣ дар мавзуи “Омода намудани кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ба муассисаҳои таълимӣ” баргузор гардид, ки дар кори он муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Дониёр, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва меҳмонон ширкат варзиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
РЕКТОР: ТАНҲО ОМӮЗГОР МЕТАВОНАД ҲИССИ ВАТАНДӮСТИРО ДАР ДИЛИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БЕШТАР КУНАД!
 Шоми имрӯз, 15-уми феврали соли ҷорӣ чун ҳамешагӣ дар майдончаи варзишии донишгоҳ тамринҳои машғулиятҳои дарси ҳарбӣ бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ, деканону мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи омӯзгорон ба машғулиятҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бештар зоҳир гардида, бо ҳисси баланди ватандӯстиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси худшиносиву дарки рисолати ватандорӣ дар ин машғулиятҳо ширкат менамоянд |
|
|
ҲАҚИҚАТИ ИСЛОМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ
Муддатест, ки масъалаи ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонони тоҷик мавриди омӯзиши коршиносони кишвар қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат ин хатарест, ки минбаъд оқибатҳои ногуворро ба бор меорад ва таҳдиде ба ҷомеаи озоду ободи имрӯза мебошад. Насли калонсол ҳамаи инро аз сар гузаронидаву аз он бохабаранд. Аслан ҷавонони ноогоҳи сатҳи фарҳанги сиёсиву ҳуқуқияшон паст, аз илму ирфон ва аз ислом бехабар шомил ба ин гурӯҳҳо мешаванд. Онҳо умри ҷавонашонро барбод дода, худро қурбони ақидаву ғояҳои беасоси ифротиёну тундгароён мегардонанд.
|
|
ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва таассуботи динӣ санаи 9-уми ноябри соли 2018 дар назди кафедраи таърихи умумӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Терроризм – хатари ҷаҳони муосир» байни донишҷӯён доир гашт, ки дар он 4 нафар омӯзгорон ва 50 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 449 из 656 |