• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо
РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО АЗ ПАРДОХТИ ШАРТНОМАИ ТАҲСИЛ ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД!
Возможно, это изображение 2 человека, осветительное оборудование и помостДирӯз (6.02.2024) ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштирокдорони озмунҳову олимпиадаҳои дохилидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ, барандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва донишгоҳӣ вохӯрӣ намуда, дар рафти суҳбат қайд кард, ки дастгирии ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
 
Хабарҳо
ҲАДАФИ АСОСИИ МАШҒУЛИЯТҲО - БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОН
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст «мафхум BA нишонахои давлат давлат ташкилоти хокимияти сиесии чамъият мебошад дастгохи махсуси мачбуркуни буда, салохияти худро дар худуди муайян амалй дорои 2. зерин мебошад: ташкили чойгиршавии ахолй дар худуди муайян амалй намудани хокимияти оммавй доираи худуд. нишонаи сеюми мебошад. алокамандии мустакими давлат ва хукук. давлат»
6 феврали соли 2024 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ифтихори соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзуи «Моҳияти ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон» машғулияти ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод мафҳумҳои давлат, давлати соҳибихтиёр,
 
Хабарҳо

ТОЗАНАШР: МОНОГРАФИЯИ СУДМАНД
Возможно, это изображение текст «бобозода илхомчон абдушукур хусусиятхои биоэкологй, морфологй, физиологй BA захирахои растанихои субтропикй дар шароити точикистон душанбе 2024»Монографияи мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, номзади илмҳои биология Бобозода Илҳомҷон бо унвони «Хусусиятҳои биоэкологӣ, морфологӣ, физиологӣ ва захираҳои растаниҳои субтропикӣ дар шароити Тоҷикистон» аз чоп баромад.
Монография ба ҷамъбасти корҳои илмӣ-таҳқиқотии бисёрсола оид ба хусусиятҳои биоэкологӣ, морфологӣ, физиологӣ ва захираҳои растаниҳои субтропикӣ вабаста ба вазъи минтақаҳо ва шароити гуногуни экологии Тоҷикистон бахшида шудааст. Оид ба натиҷаи таҳқиқоти саҳроӣ перомуни муайян намудани низоми муқоисавии сабзиш ва рушди махсусияти биоэкологӣ, морфологӣ, анатомӣ, физиологӣ ва биохимиявии растаниҳои субтропикии анори муқаррарӣ ва анҷири муқаррарӣ дар шароитҳои гуногуни экологии Тоҷикистон хулосаҳои назариявӣ бароварда шудааст.
Хулосаҳо ва усулҳои методӣ, ки зимни пажуҳиш ба даст омадаанд, барои кормандони ҷодаҳои гуногуни илм,баргузории дарсҳои амалии соҳаи биология, донишҷўёни равияи табиии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пажуҳишгарон кумак мерасонанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 5-уми ноябри соли равон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ таҷлил гардид. Бо мақсади истиқболи сазовор аз ин санаи таърихӣ ва муқаддаси кишвари соҳибистиқлол чорабинии асосӣ дар толори калони бинои марказии донишгоҳ бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор шуд.

 

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор намудани институтҳои таърихии давлатдории тоҷикон

 

Таҷлил аз солгарди 24-уми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи худшиносӣ ва ифтихор маҳсуб ёфта, рӯзи қабули он барои мо маънои лаҳзаи тақдири хешро бо дасти худ гирифтан, дарк намудани масъулияти давлатдории миллиро дорад, моро ба эҳё ва мавриди амал қарор додани падида ва ниҳодҳои давлатдории куҳанбунёди ориёӣ раҳнамун месозад.

 


Страница 452 из 656
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj