|
Хабарҳо
|
|
ТОЗАНАШР:ДАСТУРИ ТАЪЛИМӢ – МЕТОДӢ БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗОНИ САҲРОӢ АЗ ФАННИ БОТАНИКА ЧОП ШУД
 Ба тозагӣ «Дастури таълимӣ – методӣ барои таҷрибаомўзони саҳроӣ аз фанни ботаника» интишор гардид, ки муаллифи он мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, номзади илмҳои биология Бобозода Илҳомҷон мебошад.
Дар он оид ба тарзу усул, ҷамъоваврӣ ва муайян намудани растаниҳо дар давраи таҷрибаомўзии саҳроӣ маълумоти муфассал дода шудааст. Ҳамзамон тавсияҳои методӣ ба омўзгорон ва донишҷўён, саволу супоришҳо барои корҳои мустақилонаи гурўҳии донишҷўён, меъёрҳои баҳогузории таҷрибавӣ аз фанни ботаника ва тафсири баъзе мафҳумҳои соҳавӣ муҳтавои китобро ғанитар намудаанд.
Дастур барои донишҷўёни тахассусҳои биология, биология-экология, биология-химия, география-биология ва химия-биология, инчунин ҳаводорони ҳифзи муҳити зист пешбинӣ гардидааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДДОТ:ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 Имрӯз, 7-уми феврали соли 2024 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ омӯзгорни донишгоҳ ва омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимии кишвар, мудирони маъориф ва директорони
|
|
Хабарҳо
|
|
МИЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИРМИЗ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
 Имрӯз, 30-юми январи соли равон байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври маҷозӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз профессор Тошқулов Абдуқодир
|
|
|

КОНСТИТУТСИЯ – ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод, гирифта, вале мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.
|
|
ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШГОҲИИ ДОНИШҶӮЁН
Раёсати илм ва инноватсия ҳамасола нақшаи баргузории олимпиадаи дохилиро дар асоси «Низомномаи олимпиадаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» тартиб дода, ба факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дастрас менамояд. Дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дастаҳои олимпӣ бо роҳбарии устодони ботаҷриба ташкил карда шуда, фаъолият мекунанд. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия олимпиадаи донишгоҳии донишҷӯён дар соли таҳсили 2018-2019 аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунанда дар се давр аз 02.11.2018 то 26.04.2019 гузаронида мешавад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 453 из 656 |