• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ: ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО-ГАРАВИ ПЕШРАФТИ КОР

Возможно, это изображение 1 человек и текст

15-уми январи соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи назоратӣ дар назди ректори донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, кормандони раёсатҳои илм ва таълим, деканони факултет,  муовинон ва танзимгарони онҳо, мудирони кафедраҳо, кормандони бахши тарбия ва дигар ниҳодҳои зертобеи донишгоҳ ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода савраввал оид ба риояи ҷиддии интизоми меҳнат ибрози назар намуда гуфт, ки то кунун ҳолатҳои дер омадан ба кор, бе ҷузвдон ба кор ҳозир шудани устодону кормандон мушоҳида мегардад. Деканони факултет муваззаф гардиданд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.

 

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕА БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

 

Санаи 1-уми ноябри соли равон дар толори калони бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор шуд, ки дар он Азимова М. – сардори шуъбаи ташкилии кумита, Усмонова Н. – мутахассиси пешбари кумита ва Ятимова Ш. – собиқадори меҳнат ширкат намуданд.

 
Хабарҳо
ЯК ДАВРАИ ОМӮЗИШ ДАР КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Возможно, это изображение 9 человек12 январи соли ҷорӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ курсҳои кӯтоҳмуддат аз фанни технологияи информатсионӣ вобаста ба омӯзиши барномаҳои компютерӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз анҷоми курсҳои мазкур аз ҷониби муовинон ва намояндагони масъул натиҷагирӣ карда шуда, дар сатҳи зарурӣ баҳогузорӣ гардид.
 
Хабарҳо
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАЙНИ ОМӮЗГОРОНУ ХИДМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
Возможно, это изображение 3 человека и текст12 январи соли 2024 раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар чорабинии омӯзишӣ дар толори Шурои олимон баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Содиқӣ Насиба Нуруллозода, раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳмурод Рустам, раиси Кумитаи оид ба
 
Хабарҳо
БА СОЛИ НАВ БО ДАСТОВАРДҲОИ НАВ
Возможно, это изображение 9 человек, Овальный кабинет и текст5-уми январи соли равон дар толори Шурои олимон ҷаласаи Раёсати қисми илми донишгоҳ доир шуд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод онро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рўзномаи ҷаласа ошно кард.Номбурда зикр кард, ки тамоми дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришудаи 2023 дар маърузаи ҷамъбастии Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода зикр гардидаанд. Бо вуҷуди ин, зикри нуктаҳои меҳварии он ва ёдрас намудани вазифаҳои минбаъда амри зарурист.
 


Страница 455 из 656
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj