• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсия

 

09.11.2021 18:00, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Бинобар ин, бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад.

 
Хабарҳо
САТТОР ТУРСУН ВА МАСОИЛИ ИНКИШОФИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК
26 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саттор Турсун ва масоили инкишофи адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт ба ифтихори 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун доир шуда, дар кори он олимону донишмандон, адибони шинохтаи кишвар, устодону донишҷӯён ва инчунин пайвандони нависанда аз деҳаи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
 

 

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

 

1.jpg - 76.53 Kb05.11.2021

Ҳамватанони азиз!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.

Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

 
Хабарҳо

14 ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябри он сол Кумитаи Инқилобии ин ҷумҳурӣ, бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев бунёд гардид. Яъне, Нусратулло Махсум аввалин сарвари давлатии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1926, дар натиҷаи интихобот кумитаҳои инқилобии (ревкомҳои) ҷумҳуриямон ба Шӯроҳо табдил дода шуданд. Дар натиҷа ба ҷойи Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ташкил карда шуд ва раиси он Нусратулло Махсум интихоб гардид.

 
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ
Маҷлиси навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҷдиди назар ва такмили барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ бо иштироки муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Айнулозода Н., кормандони раёсати таълим, мудирони кафедраҳо ва мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҷаласа баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқ намудани барномаҳо ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо ниёзҳои бозори меҳнат арзёбӣ шуд.
 


Страница 47 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj