• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Дар чорабинии бошукӯҳи маърифатӣ-фарҳангӣ, ки имрӯз, 21-уми апрел, ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, дастовардҳои тамоми факултаҳо ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Китобҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо, ихтирооти омӯзгорону донишҷӯён, диплому ҷомҳо ва дигар ҷоизаҳои арзишманд,

 
Хабарҳо

 

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНУ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 6 человек, отдел новостей и помостНимаи дуюми рӯзи 26-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, кормандони ин ниҳод, Ҳусейнов Комрон сардори шӯъбаи ҷавонону ноболиғони н. Исмоили Сомонӣ,роҳбари гурӯҳи ҷавонон Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳанон Саидов ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии судманд доир гардид.
 
Хабарҳо

 

ДОНИШҶӮЁН ДАР МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД» БО 6 ЗАБОН АЗ АШЪОРИ ШОИРОН ПОРЧАҲОИ ШЕЪРӢ ХОНДАНД
Возможно, это изображение 12 человек, люди стоят, помост, офис и текст27-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи маҳфили «Хирадманд» мулоқот бо Туйчибой Ҷумаев, тарҷумони асарҳои нависандагони фаронса, дотсенти кафедраи типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ германӣ аз ашъори олимони аврупо порчаҳои шеърӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, фаронсавӣ ва англисӣ қироат намуданд. Дар интиҳо ба тарҷумон аз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сипоснома супорида шуд.

 

 

Чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар саҳни хобгоҳи рақами 7-и донишгоҳ бо ширкати васеи истиқоматкунандагони хобгоҳҳои рақамҳои 2,3,6 ва 7 ҳамоиши фарҳангӣ барпо гардид.

Комендантҳо ва духтарон-донишҷӯён ҳамдигарро ба муносибати Рӯзи пойтахт таҳният гуфта, таманно карданд, ки шаҳри Душанбе ҳамеша чунин шукуфою ободон ва зеби дунё бимонад.

Гулдухтарон дар зери оҳангу таронаҳои ҷаззобу дилнишин хеле зебою мавзун бирақсиданд.

 

Ширкати фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар Ниммарафон

Шумораи зиёди омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳисси баланди миллию ватандорӣ дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки имрӯз, 21-уми апрел, ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Чуноне иттилоъ доданд, имсол ба ин мусобиқот дар қатори давандаҳои машҳури Тоҷикистон инчунин варзишгарон аз 15 кишвари олам даъват карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки Ниммарафони

 


Страница 471 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj