|
Хабарҳо
|
|
ОҒОЗИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар донишгоҳ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷавонон ва ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи осори адабӣ мебошад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.
|
|
Хабарҳо
|
|
НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «ТУҲФА АЗ МУҲОҶИРАТ»
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Туҳфа аз муҳоҷират» манзури аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассиса гардонида шуд.
Намоишномаи мазкур, ки муаллифи он Шодӣ Солеҳ мебошад, масъалаҳои мубрами иҷтимоиро фаро гирифта, паҳлуҳои
|
|
|
СОЗИ ФАЛАК ТО БА СУРАЙЁ РАФТ...
Жанри созию овозии «Фалак» аз даврони куҳан сарчашма мегирад ва арзишҳои умумимиллиро дар худ таҷассум мекунад. Дар он мазмуну моҳияти рӯзгори мардум бо андарз, ҳикмат ва тасаввуру боварҳо печидаанд. Ин печидагии мантиқӣ сабаб бар ин гардидааст, ки рӯзи фалакро дар саросари кишвар ҳамасола 10-уми октябр бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.
Дар ин ҳошия, бахшида ба “Рӯзи фалак” 15-уми октябри соли равон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши фарҳангии идона баргузор гардид.
|
|
ШОМИ АДАБӢ
Санаи 12.10.2021 дар толори “Маркази русӣ”-и факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар асоси нақшаи маҳфили “Адиб”-и кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон шоми адабӣ бахшида ба 200-солагии шоири адабиёти классики рус Н.А.Некрасов дар мавзӯи “Доля ты!-русская долюшка женская!” баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курсҳои якум ва панҷуми факултет фаъолона иштирок намуданд. Онҳо аз осори ин адиби барҷаста шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳои ҷолибро низ пешкаши тамошобинон гардониданд, ки хеле хотирмон буд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 49 из 654 |