|
Хабарҳо
|
|
ТАҶЛИЛИ РӮЗӢ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ
Дар тарърихи 4 майи соли 2023 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Рухшона, ҷонишини сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Филипп Иду, масъули бахши фарҳангии сафорат Эва Тозйе, як қатор кормандони сафорат, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Шарифова Мушаррафа, кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар”, аз ҷумла Амалхонум Гаҷиева ва омӯзгорону донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултети забонҳои романию германӣ баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забони франсавӣ Султонзода Соқӣ ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини ректор Қурбонзода Рухшона дод. Зимни суханронӣ Қурбонзода Рухшона ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса андешаронӣ намуд. Сипас, муовини сафир Филипп Иду дар хусуси мавқеи забони фаронсавӣ дар ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо забони фаронсавӣ на фақат мардуми Фаронса, балки дигар кишварҳои олам низ такаллум мекунанд ва шумораи фаронсавизабонони олам феълан бештар аз 300 миллион нафар аст. Сафир барои қабули гарми ректори донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд.
|
|
|
МУРОҶИАТНОМАИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОДГОҲИ ОЛӢ ВА МАРДУМИ ДӮСТУ БАРОДАРИ ЮНОН.
Мо ҷавонони дурандеш ва зираку сулҳхоҳи Тоҷикистон хатари терроризму экстремизмро дар ҷаҳони муосир бо тамоми ҳастиямон дарк намуда, хоҳони решакан кардани ин вабои ваҳшоният дар асри 21 мебошем. Мо хоҳони амнияти сартосарӣ дар тамоми дунё ва волоияти ҳуқуқу озодиҳои мардуми осоиштаю бегуноҳ ҳастем. Мо терроризм ва экстремизмро дар ҳама шаклҳо ва сатҳҳояш маҳкум менамоем ва дар роҳи мубориза
|
|
Раҳоии ҷинояткорро маҳкум менамоем!
Ба ҳамагон маълум аст, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо дархости Додситони кул Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар кишварҳои пасошӯравиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон намуд. Гарчанде таъйиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МУЛОҚОТ ДАР АСОСИ РАВОБИТИ ДУҶОНИБА
Дар доираи созишномаи мавҷудаи байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таърихи 4 майи соли 2023 намояндагони муассисаи таълимии кишвари ҳамсоя бо маъмурияти донишгоҳ мулоқот анҷом доданд. Зимни ташрифоти меҳмонон муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона Қурбон онҳоро пазироӣ намуда, мудири кафедраи педагогика ва психология, дотсент Исматов Суннатулло Шамсуллоевич, омӯзгорони кафедраи мазкур Урозов Фахриддин Исакович, Юлдошев Тожиддин Абдукаримович, Шукуров Рустам Эшонкуловичро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ИДОМАИ ҲАМКОРӢ: ТАВАҶҶУҲИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ЗИЁД АСТ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи судманди байналхалқӣ бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, ҷиҳати рушду нумуи донишгоҳ ва низоми таълиму тарбия ҷидду ҷаҳд менамояд.
26-апрели соли ҷорӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона бо намояндагони Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон мулоқоти корӣ доир намуд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми таҳсил, аз ҷумла дар бораи муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои лабараторӣ бо лавозимоти муосир барои омӯзиши фанҳои дақиқ (STEM), синфхонаҳои компютерӣ барои таҳсилоти фосилавӣ (E-learning) ва дигар самтҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 486 из 654 |