|
Хабарҳо
|
|
НАХУСТҶАЛАСАИ ШӮРОҲОИ НАВТАЪСИС
Бо қарорҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2022 таҳти рақами 308 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-069-Адабиётшиносӣ ва таҳти рақами 306 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-068-Филология дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шуд, ки падидаи нек барои рушди илми донишгоҳӣ мебошад. Дар ин замина дар таърихи 20 январи соли 2023 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ нахустин ҷаласаи Шӯроҳои мазкур баргузор гардид, ки дар он муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, мудири шӯъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ Ахиева Саодат, саркотиби Шӯроҳои диссертатсионӣ Усмонзода Шоҳрух ва аъзои Шӯроҳо ширкат намуданд. Ҷаласаро профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, таъсисёбии ду Шурои навро ба ҳозирин табрик гуфт. Мавсуф дар ҷараёни суханронии хеш зикр намуд, ки таъсисёбии Шуроҳои болозикр дар донишгоҳ мутахассисонро ба он водор мекунад, ки сари вақт рисолаҳои илмии хешро дифоъ кунанд. Инчунин профессор Дониёр Сангинзод аз меъёрҳои талабшавандаи низоми ин раванд ёдовар шуда, даъват ба амал овард, ки раисону муовинон ва котибони техникӣ онҳоро қатъӣ риоя кунанд.
|
|
|
16-ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия 16-ноябр дар ҳамаи гурӯҳҳои академии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо маводи омодашудаи матни ягона барои як соат бахшида ба Рӯзи Президент машғулият гузаронида шуд.
Мавзӯъ: 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 1. Қисми ташкилии дарс:
I.I. Хониши суруди миллӣ (сабти овозӣ ё аз тарафи худи донишҷӯён); (5 дақиқа).
|
|
Мизи мудаввар дар факултети математика
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, талқини арзишҳои миллӣ ва бохабар шудан аз таърихи соҳибистиқлолии кишвар ва хизматҳои Пешвои миллат дар ин самт, инчунин дар сатҳи баланд гузаронидани рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва XXV-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, санаи 16.11.2017 дар факултети математика бо ташаббуси раиси иттифоқи касабаи дониҷӯёни факултет Раҷаббек Авезов ва бо дастгирии декани факултет Сафаралӣ Латипов мизи мудаввар
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НАУЧНО-МЕТОДИЧЕСКИЙ СЕМИНАР В РАМКАХ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ
20 января 2023 на факультете русского языка и литературы Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни по инициативе кафедры методики преподавания русского языка и литературы в рамках реализации Государственной программы «Совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на период до 2030 года, а также объявленный 2023 год Лидером нации, Основателем мира и единства, уважаемым Президентом Республики Таджикистан Эмомали Рахмоном, годом Русского языка в Республике Таджикистан прошёл научно-методический семинар для преподавателей вузов, колледжей и общеобразовательных учреждений на тему: «Современные подходы к формированию компетентности в условиях многоязычного образования и поликультурности».
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ
Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои кушод, ки аз 22 сентябри соли 2022 тасдиқ шудааст, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти назорати шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ пайваста дарсҳои кушод баргузор мегарданд.Дар асоси ҳамин нақша дар таърихи 20-уми январи соли 2023 бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети химия дарси кушоди номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Наимов З.Ҷ. барпо карда шуд. Мавсуф дар доираи мавзуи “Фалсафаи дониш ва маориф дар Тоҷикистон” моҳияти масъаларо баррасӣ карда, зикр намуд, ки ин мавзуъ аз умдатарин нуктаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин баробар моҳияти асосии мавзуъро ба таври возеҳ баён карда, ҷиҳатҳои илми педагогикаи муосирро, ки ба баланд шудани сатҳи донишу маърифат ва рушди соҳаи маориф равона гардидаанд, барои ҳозирин ошкор намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 504 из 654 |