|
Хабарҳо
|
|
НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МАСТЧОҲ
Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, инчунин дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.07.2022) бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин навбат шуруъ аз 14 январи соли 2023 дар ду муассисаи таълимии ноҳияи Мастчоҳ: коллеҷи омӯзгорӣ ва коллеҷи кишоварзӣ бо иштироки 30 нафар шунаванда курсҳои равияи педагогика, психология ва фанҳои дақиқро роҳандозӣ намуд.
|
|
|
Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ
Мо ҷавонон бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мо вогузор менамоянд. Дар хотир дошта бошем, ки барои мо муҳимтар арзишҳое ҳастанд, ки дар худ холисона манфиатҳои миллӣ ва давлатиамонро инъикос намоянд. Имрӯз шоҳид мешавем, ки бо ҷурми демократия, озодии сухан, матбуот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии башардӯстона ва ғайраҳо бисёре аз давлатҳои соҳибиқтидор
|
|
Ҷавонон таҳкимбахши истиқлолиятанд
Мо, ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддуни зодаи Истиқлол, бояд шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони дошта бошем.
Бисту панҷ сол пеш муҳимтарин воқеаи таърихии миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст. 9 сентябри соли 1991 расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати бофарҳангу безаволи тоҷик иди муқаддас ва бузурги таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ИҚДОМИ НАВБАТИИ МАЪМУРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Субҳи 13 январи соли 2023 бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати тоза кардани пиёдароҳҳо ва таваққуфгоҳҳои атрофи донишгоҳ ҳашари дастаҷамъона анҷом пазируфт. Мавриди зикр аст, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар бартараф намудани мушкилоти ҳаракати одамон ва васоити нақлиёт аз рӯзи нахустини боишоти барфи зиёд ташаббус зоҳир менамоянд.
|
|
Хабарҳо
|
|
МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОНИ СОҲИБЗАБОН
12-уми январи соли равон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона бо омӯзгорони соҳибзабон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки ба донишҷӯёни донишгоҳ дарс мегӯянд ва тариқи шартномаи дутарафа дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълим, мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва будубоши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон нақшаи фаъолияти онҳо баррасӣ гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 506 из 654 |