|
Хабарҳо
|
|
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР СОҲАИ ФИЗИКА
Дар таърихи 9 январи соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 – и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ омӯзгори кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Мирзоева К. рисолаи худро дар мавзӯи “Таъсири нанозаррачаҳо бо эффекти “Хотираи шакл” доштаи андазаҳояшон гуногун ба тағйирёбии гармигузаронӣ ва зичии толоул ҳангоми гузариши фазавӣ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҳмадалӣ Сафаров аз рӯи ихтисоси 01.04.14-Физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.
|
|
|
Футбол - шоҳи бозиҳои варзишӣ
Натиҷаи даври нимфиналӣ ва финалии бозии футболи хурд байни донишҷӯёни соли аввали факултети таърих бахшида ба 25-умин солгии Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Cоли ҷавонон» ҷамъбаст гардид, ки дар ин бозии дӯстона гурӯҳи 1-А ғолиб дониста шуда аз тарафи садорати факултет бо ифтихорномаҳо қадрдони гаштанд.
Садорати факултет аз Раёсати донишгоҳ ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ
|
|
Ҷараёни олимпиада дар кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ
Дар санаи 10.11.2017 даври аввали олимпиадаи донишгоҳӣ дар кафедраи назарияи иқтисодӣ баргузори гардид, ки дар он иштирокчиёни олимпиада фаъолона иштирок намуданд. Олимпиада хеле хуб гузаронида шуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
РЕКТОР: ПЕШРАВӢ АЗ ДУРУСТИИ КОР ВОБАСТА АСТ!
Имрӯз, 9-уми январи соли 2023 бо ширкати Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ ҷаласаро аз пурсиши ҳисоботи ҳафтаинаи масъулин ва деканони факултетҳо оғоз намуда, зимнан аз бемасъулиятии деканони факултетҳои психология, забони русӣ, география, забони англисӣ, химия ва маркази техникӣ ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда пешниҳод накардани ҳисобот ёдовар шуд.
Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти илму таълим, аз ҷумла, нақшаҳои инфиродӣ, саоатҳои таълимӣ, мақолаҳои омӯзгорон, ҳолати иштироки магистрону унвонҷӯён дар дарсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии раванди баргузории имтиҳонҳо, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, интизоми донишҷӯёну омӯзгорон, изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро ҷиҳати таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани масъалаҳои мазкур ва инчунин атрофи масъалаҳои муҳими дигар низ дастур дод.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ
Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-038 – и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таърихи 5 январи соли 2023 омӯзгори кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Сафармади Мирзовалӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Аломатҳои биоморфологии топинамбур (HELIANTHUS TUBEROSUS L.) дар шароити водиҳои Кӯлобу Ҳисор” зери роҳбарии доктори илмҳои биология Қурбоналӣ Партоев аз рӯи ихтисоси 03.02.01-Ботаника бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсати донишгоҳ Сафармади Мирзовалиро ҷиҳати ҳимояи рисолаи номзади илм табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи ӯ комёбиҳои назаррасро таманно дорад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 508 из 654 |