|
Хонаи бе китоб рузи бе офтоб аст
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун "Фурӯғи субҳи донои" ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсати иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, одамро бо таёраи андеша сайр намояд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
РЕКТОРИ СОЛ – РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ
Чӣ тавре, ки пайки тоза расид, тибқи назарсанҷии таҳиякардаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj дар миёни ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бо гирифтани раъйи бештар (10753 овоз) ҳамчун “Ректори сол” шинохта шуд. Лозим ба зикр аст, ки овоздиҳӣ тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то 30-юми декабри соли 2022, соати 12:00 идома ёфт. Лоиқи қайд аст, ки ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Баъдан, барои интихоби ягона аз даҳгона дар сомонаи Pressa.tj овоздиҳии онлайнӣ сурат гирифт.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАСТОВАРДИ УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия ба номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мирганова Нигина Рауфовна унвони илмии профессор супорида шуд. Марид ба зикр аст, ки мавсуф дар рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва саҳми босазо дар баланд бардоштани эътибори муассисаи таълимӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Шогирдони ӯ дар аксар соҳаҳои ҷомеаи кишвар фаъолият намуда, баҳри ободии Ватан хизмат менамоянд. Бо истифода аз мавриди муносиб Раёсати донишгоҳ устод Н.Миргановаро бо ин дастоварди касбӣ табрик карда, барояш барору комёбӣ таманно менамояд.
|
|
|
Ҷараёни
натиҷаи даври якуми бозии футболи хурд байни донишҷӯёни соли аввали факултети таърих бахшида ба 25-умин солги Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Cоли ҷавонон»
|
|
«ПРЕЗИДЕНТ –ИФТИХОРИ МО»
Садорати факултети таърих бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президент» дар мавзӯи «ПРЕЗИДЕНТ –ИФТИХОРИ МО» санаи 9.11.2017 соати 1200 дар толори фарҳангии донишгоҳ конфренсияи илми-фарҳангии донишҷӯёнро доир намуд.
Дар конфронс декани факултет Муродов А., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Наҷмуддинов Т., мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Иброҳимов Қ., омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Зарипов Н., донишҷӯи курси 5-уми факултет Қурбонова З., донишҷӯи курси 3-юми
|
|
|
|
|
|
|
Страница 511 из 654 |