|
Хабарҳо
|
|
ВОЗОБНОВЛЕНИЕ РАБОТЫ РУССКОГО ЦЕНТРА
21 декабря 2022 года Сергей Александрович Улитин, главный менеджер управления русских центров посетил Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни и встретился с проректором по научной работе, профессором Сангизодом Д.Ш. и деканом факультета русского языка и литературы Исломовой Дж.
В ходе встречи были обсуждены вопросы по возобновлению работы Русского центра, который был создан в ТГПУ им. С.Айни несколько лет назад.
|
|
|
Гумроҳӣ фоҷеафарҷом аст
Дар марҳилаи навини таърихӣ тақвият ёфтани амалиёти гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Қатлу кушторҳои ваҳшиёнае, ки имрӯз дар кишварҳои мусулмонӣ дида мешаванд, ҳеҷ як фарди ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонанд. Ҳамоно мубориза алайҳи ин ҳама амалиёти ноҷавонмардона аз мавзӯъҳои пурбаҳс ва доманадор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Таассуфовар аст, ки ин гурӯҳҳо аз номи дини
|
|
Модар яктост, Тоҷикистон яктост!
Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст,
Офтоби шуълапошат файзбахши гулшан аст.
Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон,
Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст.
Тоҷикистон кишвари бузургест, саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ГУЗОРИШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ДОНИШГОҲИ БРЕСТ
Чӣ гуна, ки дар гузоришҳои қаблӣ зикр шуда буд, дар асоси қарордодҳои шартномаҳои мутақобила як зумра омӯзгорони донишгоҳи омӯзгорӣ: деканони факултетҳои таърих ва ҳуқуқ Ҳусейнов А.Қ., психология Дадабоева М.С., педагогика Давлатзода Ф. Ш. ва география Қаландаров А. А. дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Брест ба номи А.С.Пушкин қарор доранд. Онҳо дар муддати рӯзҳои 12 – 24 декабри соли 2022 тибқи барномаи муқарраршуда, ки аз ҷониби роҳбари донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳи мазкур ба тасвиб расидааст, дар баргузории як қатор чорабиниҳо иштирок мекунанд ва инчунин шахсан дарсу ҳамоишҳо барпо мекунанд.Мусалламан барномаи инфиродии омӯзгорон дар доираи ихтисоси онҳо дар доираи 12 банд нақша –чорабиниҳо амалӣ мегардад, ки то имрӯз (21 декабри соли 2022) аксари барномаҳо иҷро шудаанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТУҲФАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМ
20-уми декабри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз Мактаб-интернати кӯдакони ятим дидан намуда, ректори донишгоҳ ба 131 ятими ин Мактаб-интернат 131 баста сару либоси зимистона ва лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла 150 ручка, 330 дафтар, 150 қалам ва 50 нусха китобҳои барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим, тақдим кард.
Илова бар ин, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо иттифоқи касаби кормандону омӯзгорон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ин Мактаб-интернати барои кӯдакони ятим кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили 5 халта орд, 10 халта пиёз, 10 халта картошка, 2 халта биринҷ, 1 халта шакар, 150 литр равған, 40 кило гушт, 100 дона собун, 50 кило макарон, инчунин себ, мандарин, анор, нок, обҳои нӯшокии гуногун ва маҳсулоти қаннодии мухталиф расонида шуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 518 из 654 |