• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

КОМЁБИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

Дар муддати рӯзҳои 1-6 декабри соли 2022 дар доираи чорабиниҳои Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол барпо гардид. Аз ҷумлаи ин муассисаҳои таълимӣ 6 даста ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта, миёни ҳамдигар қувва озмуданд. Дар натиҷа тими донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мавқеи якум, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мавқеи дуввум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавқеи сеюмро ишғол намуданд.

 

Рӯзномаи №9

маҷлиси назоратии навбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ барои  рӯзи 24-10-2017

Раиси ҷаласа Ректор Салимӣ Н.Ю.

Котиби ҷаласа Сатторов Ҳ.А.

Ҳайати ҷаласа: 52 нафар, муовинони  ректор, деканони факултетҳо,

мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва роҳбарони

воҳидҳои сохторӣ.

 

Иқдоми нек

Тибқи нақшаи қисми тарбияи донишгоҳ кафераи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир тасмим гирифта, ки дарсҳои кураториро минбаъд мутобиқи нақшаи корӣ донишҷӯёни соли 5-ум гузаранд. Ин иқдом барои таҷрибаандӯзӣ, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва бой гардидани захираи

 
Хабарҳо

ДАРСИ КУШОД МАРБУТ БА МАСОИЛИ СИЁСӢ

Дар асоси нақша – чорабиниҳои  садорати факултети математика ва информатикаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ дар факултети мазкур бо ташаббуси ассистенти кафедраи анализи  математикӣ Сайфуллоева З. Х. дар курсҳои дувуми ихтисоси таълими касбии фанни информатика дарси тарбиявӣ баргузор гардид. Дар дарси мазкур мақолаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” мавриди таҳлил қарор гирифт.Дар раванди дарс зикр шуд, ки аксарияти нофаҳмиҳо ва ҷангу ҷидолҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон ин рӯйи замину обҳои таърихиву расмии мо мебошанд. Ва боварии комил метавон гуфт, ки то имрӯз аксарияти мардуми ватандӯсти мо аз баъзе фактҳои расмиву таърихии баҳсҳои марзӣ огоҳ набуданд.

 
Хабарҳо

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Имрӯз, 5-уми декабри соли 2022 даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳии он муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
 


Страница 525 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj