|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСА: БЕҲТАРШАВИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОР ВОБАСТА АСТ!
Имрӯз, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, фаро гирифтани омӯзгорон ба такмили ихисос, назорати имтиҳонҳои донишҷӯёни шакли таҳсилӣ фосилавӣ, давраҳои сессияи иловагӣ, баргузории вохӯриҳо бо донишҷӯёни хобгоҳ, ҳисоботи солона, таъсиси шӯроҳои нав дар назди факлтетҳо, аз қайди донишгоҳ гузаронидани донишҷӯёни курси якум, танзими стипендия, дастгирии донишҷӯёни аълохон, назорати қатъии имтиҳонҳои донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона ва назорати сифати таълимро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|
|
Ҷашни иди Меҳргон
15.10.2017 тибқи барқияи телефони Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2017 ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Меҳргон дар «Боғи Ирам » 300 нафар донишҷӯён сафарбар карда шуданд.
|
|
Рӯзномаи №8
маҷлиси назоратии навбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ барои рӯзи 17-10-2017
Раиси ҷаласа Ректор Салимӣ Н.Ю.
Котиби ҷаласа Сатторов Ҳ.А.
Ҳайати ҷаласа: 52 нафар, муовинони ректор, деканони факултетҳо,
мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва роҳбарони
воҳидҳои сохторӣ.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НИШОНДОДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ
Дар таърихи 3 декабри соли 2022 дар факултети психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ баргузор гардид. Тибқи талаботи муқарраршуда ҳисобот дар Шурои олимони факултет бо иштироки кулли аъзоён бо истифода аз рӯнамо (слайд) шунида шуда, осори дар ҳисобот дарҷгардида дар мавқеи алоҳида ба намоиш гузошта шудааст.Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Декани факултет М.Дадобоева доир ба натиљањои фаъолияти корҳои илмӣ-тањќиќотии факултети психология дар соли 2022 маърузаи хешро ба ҳозирин ироа намуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, ҳисоботи фаъолияти корҳои илмӣ-тањќиќотии факултети психология дар соли 2022 қаноатбахш ҳисобида шуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛ: МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАНД!
3-юми декабри соли ҷорӣ бо мақсади баррасии муроҷиати донишҷӯён дар доираи қонун аз тарафи ректори Донишгоҳ қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Зимнан муроҷиати муроҷиаткунандагон шунида шуда, ректори Донишгоҳ масъулинро ҷиҳати дар доираи қонун баррасӣ ва дастгирӣ намудан дастуру супоришҳои саривақтӣ дод.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 527 из 654 |