|
«Паёми Донигоҳи омӯзгорӣ» дар сабти КАО Федератсияи Росссия
Маҷаллаи илмии Донишгоҳи омӯзгорӣ «Паёми Донигоҳи омӯзгорӣ» шакли электрониаш ISSN-2219-5408 аз 20 июли соли 2017 аз нав дар КАО Федератсияи Россия ба қайд гирифта шуд. Маҷалла мақолаҳои илмӣ ва натиҷаҳои татқиқотии муаллимонро дар самтиҳои 07.00.00-иомҳои таърих ва бостоншиносӣ, 10.01.00-адабиётшиносӣ, 10.02.00-забоншиносӣ ва 13.00.00-илмҳои педагогӣ муарифи менамояд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН
Бо дастури Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳамроҳ бо Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён имрӯз дар заминаи Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (International Students’ Day) ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. донишҷӯёнро аз номи Раёсати донишгоҳ, хоссатан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода табрик намуда, сипас дар боби таърихи ин ҷашн чанд ҳарф ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои барои кишвар зарур дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд. Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст. Ҳамин аст, ки ҷавонони мамлакат на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.
|
|
Хабарҳо
|
|
РЕКТОР: ОЛИМПИАДАҲОИ ДОХИЛИДОНИШГОҲӢ ОМИЛИ ДАРЁФТИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ
Бо мақсади рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзиву азбар намудани донишҳои замонавӣ ректори Донишгоҳ тасмим гирифт, ки олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дар миёни донишҷӯёни 14 факултети Донишгоҳ баргузор намояд.
Олимпиадаи дохилидонишгоҳии мазкур аз рӯи 14 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор шуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
|
|
|
Насби камераҳои назоратӣ дар аудиторияҳо бар манфиатанд
Андешаҳои деканони факултаҳо доир ба ин мавзӯъ
Диловар Муродов, декани факултаи химия
- Барои мутобиқ намудани сатҳи саводи муҳассилини имрӯза бо донишҷӯёни давлатҳои пешрафта бояд аз усулҳои навини таълим истифода бурд. Инчунин, бояд аз шакли ҷадиди назорати таълим кор гирифт. Яъне, яке аз чунин шаклҳои назорат насби камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳо мебошад.
Мирзобек Шарифов, декани факултаи биология
- Насби камераҳои назоратӣ аз он ҷиҳати хубанд, ки назорат беҳтар мешавад, масъулият дар
|
|
Донишҷӯёни фаъол-ифтихори факулта
18-уми сентябри соли равон дар факултаи химия аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ маҳфили «Забони русиро меомӯзем» бо иштироки донишҷӯёни соли якуми факултаи мазкур баргузор гардид. Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гуландом Рустамова гузаронид. Донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд, махсусан, Анвар Мирзоев ва Раънохон Шарифова ба саволҳо зиёдтар посух гуфтанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 540 из 654 |