|
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа
28.09.2021 09:31, ноҳияи Роштқалъа
Ҳамдиёрони азиз!
Мулоқоти мову шумо дар айёме баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯз пештар ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлоли давлатиро таҷлил карданд.
Аз ин лиҳоз, бори дигар сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Роштқалъаро ба муносибати ин ҷашн, ки барои ҳар яки мо санаи воқеан сарнавиштсозу таърихӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам омад, ки мо бо истифода аз тамоми захираҳо барои таъмин намудани рушди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои мунтазам ва заруриро амалӣ созем.
Ҳамин тавр, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ВА КОРМАНДОН ДАР ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ
 Рӯзи 21 феврали соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба баргузории шанбегии умумишаҳрӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар корҳои тозагӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист саҳми арзандаи худро гузошта, дар тоза намудани соҳили дарё ва минтақаҳои вобасташуда саҳм гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади таъмини тозагӣ, беҳдошти муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ баргузор гардида, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар он иштироки фаъолона нишон доданд.
|
|
ВОХӮРИИ РЕКТОР БО ҶАВОНОНИ ФАЪОЛИ ГУРӮҲИ “АВАНГАРД”
Субҳи 27.09.2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард”-и донишгоҳ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ зимни суханронии пурмуҳтавои хеш саҳми ҷавонони фаъоли донишгоҳро дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва берун аз он неку назаррас арзёбӣ намуда, миннатдории Раёсати донишгоҳро ба кулли ҷавонон расонид. Сипас, ба як қатор иштирокчиёни Паради ҳарбии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” “Ифтихорномаи фахрӣ” ва “Раҳматнома” – ҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. Инчунин ба иштирокчи фаъоли гурӯҳи мазкур аз ҷониби ректори донишгоҳ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Падарам, нависанда ва рӯзноманигор, шодравон Аброр Зоҳир дар соли охири умраш мехост дар бораи қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур роман нависад. Ба ин мақсад, маълумоти зиёде ҷамъ овард. Аммо умр вафо накард ва чунин коре амалӣ нашуд. Иттифоқо рӯзе дар ҳуҷраи кории падар чанд дастхат бо ин маълумот ба дастам афтод ва кӯшиш намудам, ки мурури шогирдонае ба рӯзгор ва фаъолияти ин абармарди таърихӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон дошта бошам.
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: ВАРЗИШ — ЗАМИНАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Субҳи имрӯз бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар боғи Аҳмади Дониш ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар рафти машқи пагоҳирӯзӣ иштирокчиён машқҳои гуногуни ҷисмониро иҷро намуда, бо роҳнамоии мутахассисони соҳа ба машқҳои умумии инкишофдиҳандаи бадан ва дигар унсурҳои тарбияи ҷисмонӣ машғул гардиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 56 из 654 |