|
Хабарҳо
|
|
СЕМИНАРИ МУФИД
Ҳамасола дар Душанбе бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Дафтари ҳамкории Сувис ва Донишкадаи Гётеи шаҳри Тошканд анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур пеш аз ҳама ошноии омӯзгорони забони олмонӣ бо усулҳои муосир ва самараноки тадриси забони олмонӣ мебошад. Соли ҷорӣ ин чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат намуданд. Дар ҳамин асос, бо мақсади рушди касбияти омӯзгорон ва интиқоли донишу малакаи дар анҷуман ҳосилнамудаи устодони дар он ширкатварзида ба дигар устодон ҳар моҳ дар факултети забонҳои романӣ-германӣ семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.
|
|
|
Баррасии беш аз бист маърӯза дар Конфронси “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ”
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ”, ки субҳи имрӯз бо сухани ифтитоҳии Аҳмадхон Муродов, декани факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори фарҳанги донишгоҳ оғоз ба кор карда буд, ба поён расид.
Дар оғоз доктори илмҳои таърих, профессор Х.Пирумшоев бо номи “Ваҳдати миллӣ – падидаи
|
|
Анонс: Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ
Ба ташаббуси факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ” баргузор мешавад.
Дар конфронс донишмандон, устодони Донишгоҳ, донишҷӯён бо маърӯзаҳои таҳқиқӣ оид ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
|
|
|
Хабарҳо
|
|
АЗ 34 НАФАР ИШТИРОКЧӢ 7 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ЁФТ
Дар ин рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе маросими даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субхи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он аз ҷумлаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (3 нафар омӯзгор ва 10 нафар донишҷў) аз рӯи номинатсияҳои “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти классикии тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти ҷаҳон” ва “Эҷоди назму наср” иштирок намуданд. Тибқи натиҷаи озмун 7 нафар аз онҳо: ду нафар аз рўи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ду нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, як нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”, ду нафар (як нафар омӯзгор ва як нафар донишҷӯ) аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Тибқи маълумоти мавҷуда Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1532 аз 20 октябри соли 2022 роҳбарии умумии лоиҳаи байналмилалиро таҳти унвони “Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим” ба уҳда дорад. Дар ин баробар бо мақсади мусоидат яке аз бобҳои “Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда шуда, дар мувофиқа бо бахшҳои вазорат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои асосӣ барои татбиқи лоиҳа интихоб шудааст.Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар давраи аз 08 ноябри соли 2022 то 10 ноябри соли 2022 дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе идома ёфта, аз ҳисоби устодони донишгоҳи мо дар он 25 нафар иштирок менамоянд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 551 из 654 |