|
Хабарҳо
|
|

Аз 1-ум то 3-юми ноябри соли 2022 намояндагони Донишгоҳ дар конфронси байналмилалии таълимӣ таҳти унвони ”Ҳамкорӣ баҳри нигоҳдошт ва таҳкими мероси маънавии халқи рус”, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур Самиев Б. – профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, Байдуллоев А. – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума, Карабаев Б. – директори маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон ширкат намуда, оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккул ва рушди фарҳанги Авруосиё, муҳити таълимӣ ва тафаккури иҷтимоии ҷавонон, саҳми волидайн дар раванди ташаккулёбии маънавию ахлоқии шахсият маърӯза карданд.
|
|
|
Суханронӣ бо 7 забон донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгориро пирӯзи Олимпиада дар Қазоқистон кард
Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, маъмурияти Донишгоҳи давлатии Қарағандаи Қазоқистон ба номи Е.А. Букетов бо ирсоли сипоснома унвонии Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Салимӣ Носирҷон Юсуфзода аз ширкати фаъолонаи донишомӯзони Донишгоҳ дар Олимпиадаи байналмилалии бисёрзабондонӣ миёни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон изҳори қадрдонӣ кардааст.
|
|
Китобхонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ соҳиби бештар аз 130 номгӯй китоби нав шуд
Аз аввали соли равон бойгонии китобхонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ бо бештар аз 130 номгӯ китоби нав ғанӣ шуд.
Акнун хонандагон метавонанд боз чанд ҷилд китоби Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо аз фаъолиятҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон, рушди саноату энержӣ, пажуҳишҳои фарҳангиву илмӣ ва ғайра аз наздик ошно ва мутолиа намоянд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
РЕКТОР: ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ТАЪЛИМИРО БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН МЕНАМОЕМ!
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласаи корӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, вазъи хориҷ ва барқорории донишҷӯён, назорати сарбории омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, назорати мактубҳои воридотӣ, таъмини лабораторияҳоро бо лавозимоти таълимӣ, озмуни “Фалаксароён” ва баргузор намудани озмунҳои нав дар миёни донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|
Хабарҳо
|
|
ПОКИЗАГӢ ШИОРИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз баҳри покизагиву ободкорӣ дар атрофи биноҳои таълимӣ ва бинои асосии раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шанбегӣ баргузор карда шуд.
Дар шанбегии мазкур кормандони раёсати илм ва инноватсия, маркази бақайдгирӣ, факултети технология ва соҳибкорӣ ширкат намуда, атрофи биноҳои таълимӣ ва асосии Донишгоҳро тозаву покиза намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ректори Донишгоҳ мунтазам чунин шанбегиҳо дар Донишгоҳ ҳар ҳафта баргузор карда мешавад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 553 из 654 |