|
Хабарҳо
|
|
ОМӮЗГОРОНИ ЛУҒАТДОН НИЗ ҲАВАСМАНД КАРДА МЕШАВАНД
Баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии омӯзгорону кормандон аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба кӯшишу талоши онҳо мукофоти пулӣ дода шавад.
Омӯзгороне, ки аввалин шуда то рӯзҳои 18-19-уми ноябр 400 вожаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳодшударо бо иловаи 2 ғазали муқарраршуда азбар менамоянд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
|
|
|
20.04.2017 10:35 |
|
Офарин!- романӣ германӣ
Давоми нақшачорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ аз 10-ум то 19-уми апрел мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯписарони факултаҳои донишгоҳ анҷом ёфт. Бояд қайд кард, ки ба даври нимфиналии мусобиқа факултаҳои забонҳои романӣ-германӣ, иқтисодиёт, физика ва таърих роҳ ёфтанд. Ба даври финалӣ бошад, барои гирифтани ҷои 1-ум ва 2-юм факултаҳои забонҳои романӣ-германӣ
|
|
Конференсияҳои апрелӣ оғоз шуданд
Шурӯъ аз 17-уми апрел дар донишгоҳ чун анъана конференсияҳои апрелӣ оғоз гардиданд. Бахшида ба ин рӯйдоди муҳим ҷамъомади васеи ифтитоҳӣ баргузор шуд, ки дар он ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ширкат ва суханронӣ намуд.
Мавсуф зимни баромади хеш, аз ҷумла, таъкид дошт, ки маърифатгоҳи куҳансол ва бонуфузи мо, ки макони
|
|
|
Хабарҳо
|
|
30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 30- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронсҳои илмӣ-амалӣ таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” омодаву тасдиқ гардидааст ва марбут ба ин дар таърихи 4 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Дилошӯб Розиқзода, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Махкам Ҷума, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатшоҳ Маҳмудов, устоди кафедраи халқи тоҷики донишгоҳ, Ҳабибулло Сатторӣ, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”, Давлатшо Каримов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар боби мавзӯи мадди назар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сарнавиштсози халқи тоҷик буда, ба арсаи сиёсат абармардеро овард, ки чархи тақдири ин миллати куҳанбунёдро тағйир дод.
|
|
Хабарҳо
|
|
БАРНОМАИ ИТТИЛООТӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "КОНСТИТУТСИЯ-ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТ"
Шоми 3-юми ноябри соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ миёни хобгоҳҳои донишҷӯён чорабинии иттилоотӣ – фарҳангӣ, таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавобон" баргузор гардид. Чорабиниро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов оғоз намуда, мақсад ва шартҳои баргузории чорабинии мазкурро ба ҳозирин шарҳ дод.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 555 из 654 |