• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

Аслан, зиндагӣ шабеҳи саҳнаи театр аст. Ин саҳна ҳам барои ҳунарманд  ва ҳам барои  тамошогар  муқаддас буда, ҳар касе, ки рӯи он мебарояд, заҳмати зиёде мекашад, то ба назари бинанда худро хуб ва намуна нишон диҳад. Ҳар касе, ки ба олами вуҷуд меояд, рӯи саҳнаи зиндагӣ, нақши мушаххаси худро иҷро хоҳад кард.  Нақшҳо мусбату манфӣ, хубу бад, хирадманду ҷоҳил, одилу золим мешаванд. Ба ин хислатҳои инсонии рӯи саҳна танҳо ва танҳо тамошогар  баҳои ҳаққонӣ медиҳад. Офарандагони нақшҳо туфайли сифатҳои гуногуни худ ба олами ботинии бинанда таъсири амиқ мерасонад.

 

 

Тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар тарабхонаи “Ориёно”

27.09.2021 10:10, ноҳияи Дарвоз

27 сентябр дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурӯҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи “Ориёно” - и ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро ин навбат 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, бевосита аз дасти Пешвои муаззами миллат тӯҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кӯмаки молиявӣ гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

 
Хабарҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ дар баробари инкишоф додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ташкилотҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ аъзои якчанд созмони бонуфуз гардид.

 
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки аҳли раёсат, кормандон, омӯзгорон ва меҳмонон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи ҳомиёни Ватан ва тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ миёни кормандону омӯзгорон мебошад.
 

 

Ифтитоҳи бинои маркази адлия ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021 10:09, ноҳияи Дарвоз

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.

Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки дорои тамоми шароити замони муосир мебошанд.

 


Страница 57 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj