|
Ободкорӣ мароми мост
Тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 21-уми январ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо шанбегӣ эълон карда шуд. Аҳли донишгоҳи мо низ дар тозагиву ободии донишгоҳ саҳм гузоштанд.
Инчунин, 70 нафар омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар маҳаллаи назди соҳил 140 метри квадратиро ҳамвор намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ИЗҲОРИ НИГАРОНИИ МУОВИНИ РЕКТОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮЙИ ИХТИСОС
Мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Ахиева С.У. ҷаласаро, ки дар таърихи 25 октябри соли 2022 ҷиҳати баррасии масоили марбут бо докторантон аз рӯйи ихтисос баргузор гардид, ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба таври умумӣ 78 нафар таҳсил менамоянд. Аз ин шумора танҳо 50 нафар дар ҷаласаи мазкур иштирок доранд. Мавсуф муҳтавои баргузории ҷаласаро шарҳ дода, идомаи суханро ба муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. дод. Ноиби ректор дар нутқи хеш қайд намуданд, ки вазифаҳои ин бахш, яъне докторантура аз рўи ихтисос (РhD) чунин аст: тайёр намудани докторони ватании рақобатпазир дар бозори дохилии мамлакат ва байналмилалии меҳнат; ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рўи ихтисос (РhD) бо фазои ҷаҳонии таҳсилот; ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва рўзмарраи таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомўзӣ равона карда шудааст; таъмини муттасили (пайдарпайи) барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАР ДОНИШГОҲ НАМОИШИ КИТОБ БАРГУЗОР ГАРДИД!
АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛОЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни боздид аз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр чунин ибрози назар намуд:
Мақсад аз баргузор намудани намоиши китоб дар миёни донишҷӯён рӯй овардан ба китобхонӣ, тарғиби китобхонӣ дар миёни ҷавонон, ҳифзи донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва арҷ гузоштани онҳо ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
|
|
|
Ёде аз олими барҷаста
Бахшида ба 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, собиқ ректори донишгоҳ шодравон Қурбон Расулов дар таълимгоҳ мизи мудаввар доир гардид.
Чорабиниро профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳ С.Бандаев оғоз бахшида, аз зиндагиномаи марҳум ёдовар шуд. Аз ҷумла, қайд кард, ки замони ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ректор таъйин шудани Қурбон Расулов дар
|
|
Каломи раҳнамою илҳомбахш
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016) аз ҳар ҷиҳат аз Паёмҳои пешин фарқ дошт. Ин паём як навъ ҷамъбасткунандаи як марҳилаи сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар дарозои 25 сол аст, дарбаргирандаи ҷабҳаҳои мухталифи ҷомеаи мост.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 564 из 654 |