• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ВА ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ДОНИШГОҲ
Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши дастовардҳои илмӣ ва Осорхонаи таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
Зимни боздид ба меҳмонон саҳифаҳои муҳими таърихи таъсис, рушд ва такомули донишгоҳ муаррифӣ гардида, оид ба дастовардҳои илмиву таълимӣ, фаъолияти олимону устодони шинохта ва саҳми муассиса дар тарбияи кадрҳои баландихтисос маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, меҳмонон бо намунаҳои ҳуҷҷатҳои нодир, аксҳои таърихӣ, осори илмӣ ва дигар нигораҳои арзишманди осорхона шинос шуданд.

 

 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ

27.09.2021 10:05

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ин ноҳияҳоро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ин ҷашни сарнавиштсозро сокинони ватандӯсту меҳмоннавози ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, махсусан, Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

 
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ 33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ
20 феврали соли 2026 дар Литсейи назди Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-ватандӯстона бахшида ба 33-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ маъмурияти литсей, раиси Шурои собиқадорони Донишгоҳ, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ба чорабинӣ рӯҳияи хоса бахшид.
 
Хабарҳо

Мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир ҳар як мамлакатро водор мекунад, ки ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ, аз ҷумла захираи зеҳнии миллат, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи амнияти зеҳнҳо, чун ҷузъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ин нуктаро 21-уми майи соли равон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Зиёӣ зимни суҳбати гирди миз, ки дар мавзӯи «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» баргузор шуд, таъкид намуд.

 
Хабарҳо

Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон со дня его назначения на пост Главы государства для обеспечения единства страны, построения национального единства,

восстановления и преодоления послевоенной разрухи, установил дружеские, конструктивные отношения и взаимовыгодное сотрудничество со всеми странами мира, основанные на взаимном уважении и равенстве.

 


Страница 58 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj