• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

«Фалсафаи илм» рӯнамоӣ шуд

Китоби «Фалсафаи илм», ки омӯзгорони кафедраи фалсафаи донишгоҳ Р.Назариев ва Б.Самиев таълиф намудаанд, 9-уми ноябр рӯнамоӣ гардид. Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш мудири кафедраи мазкур Шоҳназар Бердиев доир ба китоб маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки илми фалсафа дар ҷомеа то асри XVIII мавқеи назаррас дошт. Дар асри XVIII файласуфи немис Огюст Конт илми нав –сотсиологияро пешниҳод намуд, ки он ҳам ба ҷомеашиносӣ алоқаманд аст.

 
Хабарҳо

БА ТОЗАГИВУ ОБОДОНӢ ДИҚҚАТ БОЯД ДОД

12-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи кории қисми тарбия таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н. Н. аз хобгоҳҳои №2 ва №6 боздид ба амал оварда, бо донишҷӯёни ин хобгоҳҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н. Н. ба хотири беҳтар намудани вазъи санитарию гигиении ҳуҷраҳои истиқоматӣ ба донишҷӯён тавсияҳои муфид дода, хоҳиш ба амал овард, ки ба тозагиву озодагии ҷойи истиқоматии худ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин ба комендатҳои хобгоҳҳо супориш дода шуд, ки дар ҳар як ҳуҷраи истиқоматии донишҷӯён гулҳои сабзи ороишӣ ташкил намоянд.

 
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ РЕКТОР: МУАЛЛИФОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ, бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо ва сардорони раёсат ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла назорат ва муайян намудани донишҷӯёне, ки то ҳол шартномаи таҳсилро пардохт накардаанд, ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, баргузор намудани намоиши дастовардҳои факултетҳо дар даромадгоҳи бинои асосӣ, пешниҳоди ихтисоси нав, ташкили суҳбат-вохӯрӣ бо волидони донишҷӯёни курси аввал, ивази бесабаби дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон, дарсшиканӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯёни дар курси хатм қарордошта, дастгирии донишҷӯёни ниёзманд, фармоишҳои интиқолу барқарор, иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳо ва назорати қатъии донишҷӯёнро дар дарс мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Бо роҳбарии Президент ба Истиқлолият расидем

Пӯшида нест, ки дар эъмори Тоҷикистони навин саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар толори Шӯрои олимони факултаи технология ва соҳибкорӣ конфронс баргузор гардид.

Ҷаласаро мудири шуъбаи тарбия Қ.Иброҳимов оғоз бахшид. Сипас, раиси Шӯрои занони донишгоҳ С.Қувватова маърӯзаи худро дар бораи расидан ба истиқлолият, нақши Президент дар ин ҷода, дастгирии

 

Конститутсия-кафили озодӣ ва саодати ҷомеа

Ҳамоише, ки ба 22-юмин солгарди Рӯзи Конститутсия бахшида шуда буд, бо суханронии ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ оғоз гашт. Мавсуф мафҳумиконститутсияро ташреҳ дода, онро муайянкунандаи ҳуқуқи инсон аз тарафи давлат ва ҷамъият унвон кард. - Роҳнамои мо, бахтномаи мо, тамоми пешрафти ҷомеаи мо ба Конститутсия вобаста аст, - таъкид намуд ректор.

 


Страница 577 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj