|
Хабарҳо
|
|
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДӢ
 Бо мақсади зебову озода нигоҳ доштани атрофи муассисаи таълимӣ субҳи имрӯз шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Дар шанбегӣ атрофи биноҳои таълимӣ ва ёрирасони донишгоҳ аз партовҳо покиза ва ҳалқагулҳои мавсимии саҳни муассисаро аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуданд.
|
|
|
Викторина дар факултаи таърих
Бахшида ба 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садорати факултаи таърих байни донишҷӯёни соли 1-ум викторинаи байнигурӯҳӣ доир намуд.
Нахуст муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Толибшо Наҷмиддинов суханронӣ намуда, қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози миллат ба шумор рафта, барои сулҳу салоҳ ва ба
|
|
Дарси кушод бо ширкати декан
Дар ифтитоҳи дарси тарбиявие, ки донишҷӯёни факултаи забонҳои романӣ-германӣ ташкил намуданд, декани факултаи мазкур Ҳобилҷон Зикиров сухан гуфт. Номбурда дар суханронии худ қайд кард, ки ояндаи миллат аз ҷавонон вобаста аст. Пешвои миллат буд, ки дар Иҷлосияи ХХI-и тақдирсоз саҳми беназири худро гузошт.
Самараи Иҷлосия аст, ки мо сулҳ ба даст овардем, ба Ваҳдати миллӣ
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД
Иқдомҳои шоистаи сарварони ду ҷумҳурии бародар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ байни ин ду кишвари ҳамҷавор роҳи васеъ кушод. Айни замон ниҳодҳои гуногуне дар ҳар ду кишвар дар фазои дӯстию бародарии ҳамешагӣ ҳамкориҳои судмандеро роҳандозӣ карда истодаанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикор ва дастгирии ректори муассиса д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло нашри маҷаллаи нави илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои забоншиносӣ” шуруъ гардид.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки маҷаллаи мазкур ба талаботи стандарти байнамилалии илмӣ ҷавобгӯ буда, дар рӯзҳои наздик мақолаҳои ин маҷалла ба рӯйхати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (РИНЦ; SCOPUS) ворид карда мешавад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 578 из 654 |