|
Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз
27.09.2021 09:52, ноҳияи Дарвоз
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ - намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Деҳқонони ризқофари кишвар маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бо шукӯҳ буд.
Дар ин майдони фаррох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ»
Рӯзи 20 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Забони модарӣ ва истиқлоли миллӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ бахшида шуда, бо иштироки олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону донишҷӯён ҷараён гирифт.
|
|
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОШУНАВОЁН
ДАР ДОНИШГОҲ
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи сентябр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ношунавоён таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 24.09.2021 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ношунавоёнро мешунавем” баргузор гардид. Нахуст омӯзгори калони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, сурдопедагоги шинохтаи кишвар Саттор Қувватов баромад намуда, оид ба дастовардҳои ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муфассал дод.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Дар таърих ягон давлат дар фазои холӣ аз кашмакашу талошҳои пайваста ва қурбониҳои бешумор ба вуҷуд наомадааст. Аз ҷумла, таъсисёбии кишваре бо номи Тоҷикистон дар соли 1924 ҳамчун давлати худмухтор дар тобеияти Ӯзбекистон ва соли 1929 чун кишвари алоҳида осон набуд. Зеро тоҷикон бештарини сокинони Осиёи Марказиро ташкил дода, қадимтарин миллати муқимии ин минтақа бошанд ҳам, чашми нотавонбинон онҳоро намедид.
|
|
Пажуҳиш
|
|
ИРОАИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА
Имрӯз, дар таърихи 23 ноябри соли 2022 тибқи ҷадвали баргузории муҳокимаи ҳисоботи солонаи фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.п. Шарипов А.Ф. ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ манзур карда шуд.
Дар ҷараёни муҳокимаи ҳисоботи солона муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. ,профессор Сангинзод Д, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ профессор Худойдодзода Ф, сардори Раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., масъули бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултети мазкур , мудирони кафедраҳои марбут ба он ва як зумра устодони факултет иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 59 из 654 |