• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

4 июни соли 2022 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии олимони ҷавони муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои ИДМ такҳти унвони «Беҳтарин олими ҷавон», ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавони Қазоқистон бо дастгирии Ассотсиатсияи Ҳаракати миллии «Бобек» - и ҳамин кишвар ташкил шудааст, баргузор гардид. Дар озмуни мазкур омӯзгорон, аспирантҳо, ва фаъолони маҳфилҳои илмии донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ ширкат варзиданд.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахши Ваҳдат ва маншаи нумӯи давлатдории миллӣ

Конститутсия санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи рушд ва нумӯи давлатдории миллӣ, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод, гирифта,

 

Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ АДАБӢВА РАҲОӢ АЗ ЧАҲОРЧӮБАИ ИДЕОЛОГӢ

Тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ адабиёти тоҷик ба тадриҷ аз чаҳорчӯбаи сиёсии методи реализми сотсиалистӣ берун шуда, рӯ ба асолати азалӣ оварда истодааст. Методи реализми сотсиалистӣ ягона методе буд, ки соли 1934 дар анҷумани нахустини нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав барои тамоми адабиёт ва санъати сохтори Шӯравӣқабул карда шуда, то барҳамхӯрии сохтор меъёри санҷиши осори аҳли адаб қарор гирифта буд.

 
Хабарҳо

АТТЕСТАТСИЯИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

Бо мақсади натиҷагирӣ аз хулосаи Комиссияи аттестатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, муайян намудани дараҷаи салоҳиятнокӣ доир ба вазифаи ишғолнамуда, сафарбарнамоӣ ба рухсатии эҷодӣ, гузариш аз такмили ихтисос, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, қобилияти корӣ, мувофиқати имконияти ҷисмонӣ, синнусолӣ, зеҳнӣ, муайян намудани сатҳи дониш (забондонӣ, қобилияту маҳорати ҳуҷҷатниорӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ), ҳамчунин беҳтар гардонидани сатҳи сифати таҳсилот, тақвияти нерӯи (потенсиали) илмии донитшгоҳ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи Садриддин Айнӣ 6 июни соли 2022 аттестатсияи ҳайати омӯзгорон (ассистентон ва муаллимони калони беунвон) оғоз гашта, то 21 июни соли 2022 давом хоҳад ёфт.

 

 
Хабарҳо

Ташрифи намояндаи АКД Ҷопон ба донишгоҳ

6 майи соли 2022 намояндаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ариса Саито ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, аз ҳолати роҳҳои махсус барои ашхоси имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи АКД Ҷопон дар доираи “Лоиҳаи таҳияи Барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир” дар даромадгоҳҳои бинои асосӣ, биноҳои таълимӣ, китобхонаи донишгоҳ, маркази машваратӣ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, маркази қабули имтиҳонҳо, майдончаи варзишӣ ва дигар сохтору шуъбаҳои лозима бунёд гардида буданд, дидан кард ва ба истифодабарии онҳо дар донишгоҳ баҳои баланд дод.

 


Страница 594 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj