• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Баҳор имсол хуштар менамояд

Паёми табрикии ректори донишгоҳ, академик

Носирҷон Салимӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Устодони арҷманд!

Донишҷӯёни азиз!

Чандест, ки Ватани маҳбуби моро фазои атромезу мушкбез ва эҳёгари фасли ҳуснофарини баҳор фаро гирифтааст. Баҳор аз он боз ҳам шукӯҳманду дилписанд ва афсонагуна аст, ки ҷашни Наврӯз дар оғӯш дорад ва ин ҷашнест, ки таърихи куҳанро фаро гирифтаасту безаволию ҷовидониаш кайҳо собит гаштааст.

 
Хабарҳо

ОҒОЗИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА ДАР ДОНИШГОҲ

Шурӯъ аз 25 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ раванди имтиҳонсупорӣ (сессияи тобистона)-и донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми шакли таҳсили рўзона оғоз гардид. Донишҷӯён дар се Маркази қабули имтиҳонот ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида истодаанд. Ба ғайр аз ин, дар асоси ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи фанҳои тадрисшавандаи нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ гирифтани имтиҳонот ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тариқ тибқи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ  аз 25 майи соли ҷорӣ қабули имтиҳонҳо дар се шакл – шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ ба роҳ монда шудааст.

 
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ

Шоми 21 майи соли 2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи зебои консертӣ баргузор карда шуд. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Амир Иброҳимзода ва ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳусни оғоз бахшиданд.

 

Шумораи наврӯзии «Навруста» чоп шуд

Дар арафаи Наврӯзи Оламафрӯз шумораи 1-уми маҷаллаи «Навруста» дар соли 2016 ба нашр расид. Дар нахустсаҳифаҳои шумора таҳти рубрикаи «Таҳқиқ ва таҳлил» мақолаи Мирато Комилов роҷеъ ба роҳҳои баргардонии масдарҳои забони анлисӣ ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст, ки барои тарҷумонҳои ҷавон аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин, мақолаҳои «Таъсири адабиёти англис дар Тоҷикистон» ва «Муқоисаи зарбулмасалҳои тоҷикӣ бо русӣ» зери ин рубрика рӯи нашр омадаанд.

Дар бахши шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳон бошад, ин навбат дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти мусаввири нотакрори оламшумул Раффаэлло маълумоти муфид дарҷ гардидааст. Ҳамзамон, ду расми мондагори рассоми сатҳи ҷаҳонӣ Раффаэлло бо сифати баланд интишор шудааст.

Суҳбати ихтисосии рӯзноманигор Бахтиёри Абдураҳим бо тарҷумон ва адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов перомуни тарҷума ва махсусиятҳои он писанди хонандагон хоҳад гашт.

 

КУФР НЕЪМАТ АЗ КАФАТ БЕРУН КУНАД

Бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаи кунунӣ ҳар саҳар ба кор мебароям ва ин нуктаро пайваста ба шогирдон талқин мекунам, ки шукргузор бошанд. Шукр аз истиқлолияту озодӣ, тинҷию амонӣ, сулҳу салоҳ, серию пурӣ, ободии кишвар, хандаҳои беғаши кӯдакон, гулзору боғзорҳо, роҳҳои чун каф ҳамвор, бунёди биноҳои истиқоматию мактабу боғчаҳо ва ғайра. Барои мо бояд саҳифаҳои таърихи солҳои навадуми садаи бистум чун оинаи ибрат бошанд. Мо бояд ба дирӯз нигаҳ карда, фардои худро бисозем. Ба қавли Мирзо Бедил:

 


Страница 598 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj