|
Хабарҳо
|
|
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари суқут кардани чархболи низомиро дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад.
|
|
|
ШУМО, ЭЙ ХОИНОНИ МАН
ЗИ БИМИ ХЕШ МЕМИРЕД…
(Навҳаи Ватан-модар, Тоҷикистони азиз ба фарзандони носипоси хеш)
Манам Модар,
Манам Меҳан.
Аё фарзандҳое, ки аз ман гаштаед безор,
Зи пуштам мезанед ханҷар сухан гуфта зи нангу ор.
|
|
Озодиҳои инсонро сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тахассусӣ аз маҳдудшавӣ бозмедоранд
Бобоҷони Ҷӯразода,
омӯзгор
Созмони байналмилалии ғайридавлатии бо ном дифоъи ҳуқуқи башар (Amnesty International) дар торномаи худ ҳамарӯза маводи хусусияти ба низоъ барангехтан, халал ворид кардан ба ваҳдати миллӣ, ноором кардани амнияту суботи кишвар ва олудаи ғояҳои
|
|
|
Хабарҳо
|
|
БИЁ ЭЙ ДӮСТ БО МО КУН ҶАВОНӢ...

17 майи соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Биё эй дӯст бо мо кун ҷавоӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Раҷабов Д., декани факултети география Қаландаров А. ва ҷавонони фаъоли факултет ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён сипосномаву ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ супорида шуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ЗАМЗАМАИ МЕҲР
17 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Замзамаи меҳр” бахшида ба Рӯзи ҷавонон, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи эҷодиёти омӯзгор-адиб Озари Ориф баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки Озари Ориф (Нораҳмедов Озар Орифович) соли 1990 шуъбаи суруд ва мусиқии факултети педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айниро хатм намуда, имрӯз дар ҳамин факулта ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намуда истодааст.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 602 из 654 |