• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади олии ҳуқуқӣ буда, халқи Точикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон инъикос намуда, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро вазифаи асоси гузошта, озодӣ ва ҳуқуқӣ шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

 
Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ УБАЙД РАҶАБ

17 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб таҳти унвони “Мақом ва ҷойгоҳи Убайд Раҷаб дар адабиёти тоҷики садаи XX” ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур адибон, олимон, пайвандони шоир ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд. Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ профессор Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш доир ба саҳми Убайд Раҷаб дар рушди адабиёти тоҷик, махсусан адабиёти бачагонаи нимаи дуюми садаи XX ибрози андеша намуд.

 
Хабарҳо

ОЗМУНИ “ИЛМИ МУОСИР” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

16 майи соли 2022 дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-оммавӣ” ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур ҷавони фаъоли донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонзода ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гашт. Мақолаи ӯ, ки дар мавзӯи “Лутфулло Солиев – асосгузори мактаби илмии омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” дар ҳаҷми 15 саҳифа навишта шуда, яке аз беҳтарин мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ҳисобида шуд. 

 

Мақоми илм дар рушди устувор ва пешгирии тафаккури ифротгаро

Дар ҳама давру замон ва қавну макон мақоми илм ва ба амал татбиқ гардонидани он нерӯи тавоно, офаранда, пуриқтидор ва наҷотбахши иҷтимоъ мебошад.  Ҳастии инсон бо ниҳоди офаридагорӣ ва  ғановатманди сиришти  ботинӣ ва таҷаллии симои ибратомӯз тавассути илму дониш ва ақлу хирад зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро  комёб шудааст. Аз ин ҷост ки низому пешрафти иҷтимоъ, бунёдкорву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ

 

Посух ба изҳороти беасосу бепояи ҳизби ба ном вуҷуддоштаи наҳзати исломӣ

Таърих ҳанӯз  ёд надорад, ки дар кутоҳтарин фосила ҳокимияти ҳаматарафа фалаҷгаштаро эҳё намуда, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, бардавомии давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории  миллиро барқарор намудан барои зиндагии арзанда шароити мусоид фароҳам оварда шуда бошад. Ин бешубҳа яке аз хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу

 


Страница 603 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj