|
Масъулияти бештар мебояд
15-уми феврали соли равон вохӯрии садорати донишгоҳ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил доранд, доир гардид. Мақсад аз баргузории ин суҳбат таҳлили вазъи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз тарафи ин донишҷӯён буд. Дар оғоз муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова ба сухан баромада, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки хубу аъло таҳсил намоянд ва дар корҳои
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАВОНОН – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА
Мусаллам аст, ки ҳамасола дар кишвари азизамон – Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар заминаи ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Ҳамин гуна чорабинӣ 12 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адбулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ аз донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ “ФРАНКОФОНИЯ”
11 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар чорчӯбаи ҳафтаи фарҳанги фаронсавӣ “Франкофония” дар Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи донишҷӯёни бахши фаронсавии донишгоҳ омода карда шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, атташеи фарҳангии сафорат Эва Тозйе, намояндаи Дафтари ҳамкории Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муаттара Баширова, директори маркази фарҳангии “Бохтар” Дина Миллер, раиси Ассотсиатсияи омӯзгорони забони фаронсавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Шоев, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Чорабиниро мудири кафедраи забони франсавии донишгоҳ Султонзода Соқибой ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод.
|
|
|
Худкушӣ далели беиродагист
Дар донишгоҳ вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён баргузор гардид. А.Абдуллозода чанде аз қисматҳои Паёми имсолаи Сарвари давлатро ташреҳ бахшида, оид ба илмомӯзии донишҷӯён ва тарбияи дурусти онҳо нуктаҳои ҷолиберо қайд кард.
|
|
Маҳфили дилангез
Садорати факултаи таърих 11-уми феврали соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Xумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Маҷид Салим-нависанда, Парда Ҳабиб-шоир, дорандаи Ҷоизаи ба номи М.Турсунзода, муовини сармуҳаррири ҳафтномаи «Адабиёт ва санъат» ва Убайдуллои Акрамзод-муовини сармуҳаррири радиои фарҳанг мизи мудаввар баргузор намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 607 из 654 |