|
Хабарҳо
|
|
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ МУЪМИН ҚАНОАТ
11 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, профессор Абдунабӣ Сатторзода, директори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматов, ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Олим Бухориев ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
|
|
|
Ба истиқболи баҳор
Дар саҳни донишгоҳ ҳамарӯза кормандони қисми хоҷагиро дидан мумкин аст. Вале имрӯзҳо онҳо назар ба рӯзҳои пешин бештар дар тараддуданд. Акнун баҳор наздик асту кормандони қисми хоҷагӣ машғули шинондани гулҳои гуногун ва дарахтони ҳамешасабзанд. Қисме аз кормандон ба бехи гулҳо пору мерезанду қисмати дигар ба шинондани гулу дарахтон машғуланд ва қисмати дигар ба тоза нигоҳ доштани саҳни донишгоҳ масъуланд.
|
|
Таҷрибаомӯзӣ оғоз шуд
1-уми феврали соли равон чун анъана дар факултаи педагогика конфронс оид ба оғози таҷрибаомӯзии донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он мазмун, вазифа ва давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро баррасӣ намуданд.
Сараввал декани факултаи педагогика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдушукур Ғаффоров донишҷӯёнро ба оғози фаъолияти омӯзгорӣ табрик намуда,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
СЕМИНАР ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ДОНИШҶӮЁН
10 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯйёни донишгоҳ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикорупсионӣ дар байни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Семинарро муоивни ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мӯсоҷонова ҳусни ифтитоҳ бахшид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ОЗМУНИ “ЗАКОВАТИ АҚЛҲО” БАРГУЗОР ГАРДИД
6 майи соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани малакаи зеҳнӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавондухтарони лаёқатманд дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе озмун-виктаринаи зеҳнӣ таҳти унвони “Заковати ақлҳо” байни донишҷӯдухтарони фаъолу болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони лаёқаманд аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 608 из 654 |