• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

The Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan reports that contrary to the official statement of the Kyrgyz side, which does not correspond to reality, and which was published in the media, as a result of the work of the Tajik and Kyrgyz Intergovernmental Commission on Delimitation and Demarcation, out of a total length of 986.7 km, 519,9 km of the Tajik-Kyrgyz state border described. One of the remaining undivided sections in this area is the Shatty Pass.

 
Хабарҳо

 

ХУТАЛИ ҚАДИМ — ЯКЕ АЗ МАРКАЗҲОИ ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН
17 феврали соли 2026 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Хутали қадим — яке аз марказҳои тамаддуни бостонии тоҷикон» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор С. Раҷабзода, муовини декан оид ба илм С. Зубайдуллозода, мудирони кафедраҳо, аз ҷумла н.и.т., дотсентон С. Сайнаков, Ё. Исмоилов, ҳамчунин устодон А. Мусоев, Р. Давлатшоев, Д. Маҳмудов, Ш. Ҷонмуродов, Х. Қодирзода, Б. Ризолев ва донишҷӯён иштирок намуданд.
 
Хабарҳо

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

 

 

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии

Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

7.png - 229.73 Kb16.09.2021 13:20, шаҳри Душанбе

16 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок карданд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар кори ҷаласа ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

 
Хабарҳо

КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МОЕЪҲОИ ШӮЯНДАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ МЕКУНАД
Ба наздикӣ дар заминаи Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Айни замон корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд ҷараён дошта, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Корхонаи мазкур бо мақсади роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ таъсис ёфта, иқтидори истеҳсоли зиёда аз 50 намуди маводи шустушӯиро доро мебошад. Дар доираи фаъолияти он истеҳсоли маводи шустушӯи зарфҳо (феррӣ), собун, маводи шустушӯи мӯй (шампун), антифриз ва дигар моеъҳои таъиноти маишӣ ва техникӣ ба роҳ монда мешавад.
 


Страница 62 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj