|
Бахшида ба 75-солагии факултети забони англисӣ
Дар 25-ум ва 26-уми ноябри соли хониши 2015-2016 конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими забоншиносӣ ва тадриси забонҳои хориҷӣ: таҷриба, рушд ва дурнамо» бахшида ба 75-солагии факултети забони англисӣ баргузор гардид. Дар он конференсия унвонҷӯён, омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ ва берун аз он, яъне тамоми донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок карданд ва бо фишурдаи маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҶРИБА ВА САҲМИ ЛОИҲАИ "РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ" ДАР ТОҶИКИСТОН
28 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ини Сино бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, намояндагони лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи “Таҷриба ва саҳми Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Тоҷикистон” конфронс баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА РИЁЗӢ
28 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муовини ркктор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва инноватсия Комрон Кудратов, сардори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии донишгоҳ Раъно Бобокалонова ва унвонҷӯёну докторантони донишгоҳ иштирок карданд.
|
|
|
Шумораи ҷадиди «Навруста» ба табъ расид
Шумораи сеюми маҷаллаи «Навруста» интишор гардид. Мебояд гуфт, ки дар ин шумора ҳайати эҷодӣ кӯшидаанд, то аз ҷиҳати фарогирии мавзӯот ва банду басту ороишот маҷалларо боз ҳам такмил бидиҳанд. Чуноне аз варақгардонӣ ва мутолеаи он бармеояд, воқеан ҳам, шумораи сеюм боз ҳам беҳтар шудааст.
Мақолоти ин шумора ба шаш қисмат тақсим шудаанд: «Таҳқиқ ва таҳлил», «Суҳбати ихтисосӣ», «Паҳнои назар», «Қиссаҳои дилангез», «Афсонаи ҷаҳон» ва «Мактаби тарҷума». Дар бахши аввал маводҳое гирд оварда шудаанд, ки тарҷумаи мақолаанд. Дар қисмати дувум зери сарлавҳаи «Дар ҳарду забон доно бошад» мусоҳибаи судманде бо нависанда ва тарҷумони маъруфи тоҷик Ӯрун Кӯҳзод интишор шуда, ки ба куллӣ пиромуни фаъолияти тарҷумонист. Унвонаҳои бахши сеюм «Ду тарҷумаи як манзума» ва «Шеърҳо» мебошанд. Қиссаву ҳикоёти «Бепарастор» аз Гектор Мало, «Ҳуҷра» аз Жан Пол Сартр, «Самарқанд» аз
|
|
Ба биноҳо-оби гарм
Муддатест, ки корҳои таъмиру тармим дар донишгоҳ идома доранд. Тавре муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ зикр кард, хобгоҳҳои №6 ва №7 пурра аз таъмир баромадаанд. Қубурҳои оби гарм низ ба наздикӣ васл мегарданд ва мо метавонем бинои асосӣ, биноҳои факултаҳои филологияи тоҷик ва таърихро бо оби гарм таъмин намоем.
То 1-уми ноябр болои қубурҳо пӯшонида шуда, сангфарш мегарданд ва истифода аз онҳо
|
|
|
|
|
|
|
Страница 611 из 654 |