|
Дар тарбия саҳлангорӣ нашояд
Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ бо равияҳои ифротгаро, дуздӣ, нашъамандӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ 16-уми сентябри соли равон вохӯрии донишҷӯён бо муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нурулло Алиев, донишманди маъруфи тоҷик Нодир Одилов, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Субҳон Сафиаллоев, Нигора Шарипова ва Исломиддин Одинаев ва дигар меҳмонон баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯИВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) соли дувум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмун ин рушди тафаккури техникии донишҷӯёну хонандагони макотиби оливу миёна, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, равнақ додани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРИ БО ХАТМКУНАНДАГОН
Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомад оиди тақсимоти пешакии хатмкунандагое, ки тариқи буҷавӣ ва квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Давлатхон Назаров, ҳуқуқшинос Шӯҳрат Шарипов, мудири маркази таҷрибаомӯзӣ Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ширкат варзиданд.
|
|
|
Таваҷҷуҳи украинҳо ба забони тоҷикӣ
Сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк 16-уми сентябр ба донишгоҳ ташриф овард. Суҳбати ӯ бо сарвари таълимгоҳ, академик Н.Салимӣ пиромуни густариши равобити дуҷониба сурат гирифт.
В.Никитюк ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса доштани мардуми украинро қайд карда, хоҳиш намуд, ки барои ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ дар сафоратхонаи онҳо кумак кунанд.
|
|
«Мутриби ишқ»-и Фурқат Саид чоп шуд
Китоби ҷадиди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саид бо номи «Мутриби ишқ» аз чоп баромад.
«Мутриби ишқ» номи як ғазали машҳури Ҳофизи Шерозист, ки муаллиф ин номро ба китоби худ муносиб донистааст. Китоб дар нашриёти «Адабиёти бачагона» бо шумораи 400 нусха ба табъ расидааст ва ба муносибати 3000-солагии Ҳисори Шодмон таҳия гардидааст.
Маҷмӯаи мазкур фарогири 32 суруду оҳанги ҳунарманди маъруфи кишвар буда, ҳамчун дастури таълимӣ метавонад барои донишҷӯёну ҳунармандон ва ҳунаристонҳои мусиқӣ хизмат намояд.
Фарзод Паҳлавонов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи филологияи тоҷик |
|
|
|
|
|
|
Страница 613 из 654 |