|
Хабарҳо
|
|
НАҚШИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ ДАР РУШДИ САНОАТИКУНОНИИ ҶУМҲУРӢ
11 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети тохнология ва соҳибкорӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии устоди кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкорӣ Сайфиддинов Муҳабат баргузор гардид. Қисмати ифтитоҳии конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшид.
|
|
|
Ташреҳи қавонини муҳим ба ҷавонон
Кормандони Мақомоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои асосии донишгоҳ бо донишҷӯёну устодон мулоқот анҷом доданд. Дар ҷамъомад муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Коллегияи ҳарбӣ, генерал-майори адлия А.Сатторзода, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ Т.Қодирзода, судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ, полковникҳои адлия Н.Ҳасанзода ва А.Шарифов ширкат варзиданд.
Нахуст ректор, академик Н.Салимӣ меҳмононро муаррифӣ намуд.
|
|
Ихтироъкорон мукофот мегиранд
Дар толори фарҳангӣ 21-уми апрели соли равон раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни лаёқатманд, ихтироъкору навовар, гирандагони стипендияи Президентӣ, донишгоҳӣ ва шаҳрӣ мулоқот намуд, ки ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва навоварию ихтироъкорӣ унвон гардид.
Дар суханронии ифтитоҳии худ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев аз аҳамияти ба корҳои илмӣ-инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ рӯ овардани донишҷӯён дар ҳаёти муосири кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ОЛИПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФОСИЛАВИИ ДОНИШҶӮЁН
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ донишҷӯёни курсҳои 3, 4 ва 5-и зинаи тањсилоти бакалавриатро барои иштирок дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии фосилавии донишҷӯён бо номи «Педагогикаи рақамӣ» даъват менамояд.
Мавзӯи асосии олимпиада ин фанҳои педагогика, психология, инчунин фанҳои курси методикаи таълим мебошад.
Ба ҳар нафаре, ки дар олимпиада ширкат меварзад, шаҳодатномаҳои иштирок ва ба ғолибону ҷоизадорон диплом фиристода мешаванд. Ғолибон имкони нашри маводҳои худро дар маҷаллаи электронии ДДОМ пайдо мекунанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
6 апрели соли 2022 бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ як қатор донишҷӯёни маъюб, камбизоат ва ятимони кулли донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан карданд. Зимни боздид аз осорхонаи мазкур донишҷӯён оид ба даврони таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти пурра гирифтанд. Сипас, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабов Дилшод дар дафтари ташрифи меҳмонони осорхона бардошти донишҷӯёнро навишта, соядаст гузошт.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 620 из 654 |