• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Квотачиҳо дастгирӣ меёбанд

22-юми апрели соли равон вохӯрии донишҷӯёни ноҳияи Шаҳритус, ки тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олии пойтахт дохил шудаанд, бо мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия М.Асадуллоева, ва дигар намояндагони ноҳия-К.Норбуттаева ва Ҳ.Эшмуъминова баргузор гардид. Намояндагон аз давомот, дониш ва рафтори донишҷӯён пурсон шуданд ва аз ҷонишинони деканҳо оид ба корҳои тарбиявӣ посухҳои мусбат гирифтанд.

 
Хабарҳо

РӮҲИЯИ ВАТАНДОРӢ АЗ ТАМОШОИ “ДОСТОНИ НУР”

30-юми марти соли 2022 устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши операи миллии “Достони Нур” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд. Муаллифи оњанг раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода ва муаллифи либреттои операи мазкур Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар мебошанд. Омӯзгорону донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ аз намоиши ин асари таърихию тамсилии театрӣ бо рӯҳияи баланди ватандорию фарҳанггустарї истиқбол гирифтанд.

 

 
Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

29-30 марти соли 2022 олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба гиромидошти олими бузург Абӯалӣ Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Аз ҷумла аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чор нафар донишҷӯ ширкат варзиданд.

 

Чорабиниҳои мухталиф дар факулта

Ба ифтихори зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар факултаи забон ва адабиёти рус як қатор чорабиниҳо, аз қабили конфронсҳои илмӣ, суҳбати мизи мудаввар ва озмун  гузаронида шуд. Дар конфронс устодони кафедра М.Қаҳҳорова дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ ва адабиёти рус» ва Н.Валиев дар мавзӯи «Тарҷумаи асарҳои устод Садриддин Айнӣ ба забони русӣ» маъруза намуданд.

 

Кайҳоннавард кист?

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика дар қироатхонаи хобгоҳи №7 бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он декани факулта Ш.Раҳмонов, ҷонишинҳои декан оид ба таълиму тарбия А.Ҷаъфаров ва З.Давлатов, муаллима аз кафедраи методикаи таълимии физика Г.Бобониёзова ва донишҷӯёни хобгоҳ ҳузур доштанд.

 


Страница 621 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj