|
Хабарҳо
|
|
ДОНИШГОҲИ МО ДАР АРСАИ БАЙНАЛХАЛКӢ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ узви вобастаи Шурои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ мебошад, ки ба ҳайати он донишгоҳҳои пешқадами омӯзгории ИДМ шомиланд. Ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои Шурои ҷамъиятии ДДОМ, Маркази байналмилалии таҳсилоти омӯзгорӣ (МБТО), лоиҳаҳои муштараки (байналмилалӣ)-и тадқиқотӣ, дар назди шуъбаи робитаҳои байналмилали ДДОТ ба номи С. Айнӣ «Маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон» таъсис дода шуд, ки аз моҳи март инҷониб фаъолият дорад.
|
|
|
Бузургдошти устод Айнӣ дар донишгоҳ
Қисми тарбияи донишгоҳ таҳти сарварии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Раъно Бобокалонова бахшида ба таҷлили 140-солагии Садриддин Айнӣ шуруъ аз 28-уми март то15-уми апрел як қатор нақшаву чорабиниҳоро, ки тарҳрезӣ карда буданд, амалӣ кард. Аз ҷумла, сафарбар намудани устодону донишҷӯён ба театри М.Воҳидов барои тамошои намоиши «Гирдбод», таълиф ва чопи мақолаву маърӯзаҳо аз ҷониби устодону шогирдон вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти С.Айнӣ,
|
|
Озмуне, ки ғолиб надошт…
Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар шаҳри Душанбе» ва таълиму тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ маҳфил-озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Таронаи Душанбе»-ро миёни занону ҷавондухтарони лаёқатманди шаҳр таъсис додааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ХАМКОРИИ ДУҶОНИБА РАВНАҚ МЕЁБАД
28 марти соли 2022 намояндагони Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия Серова Олга Александровна – муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои ҳуқуқ, Савриев Игор Евгеневич – ҳамоҳангсози робитаҳо миёни ДДП ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лобаров Дмитрий Сергеевич –котиби масъули комиссияи қабули ДДП ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаӣ Аъзам Байдуллоев, Бахтовар Карабаев – директори маркази таҳсилоти муттасил педагогикаи ҷаҳон ва Ғайрат Шакарбеков – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ мулоқот карданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ
19-уми марти соли 2022 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки аҳли раёсат, устодону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, кулли ҳозиринро бо фаро расидани ин ҷашни миллии тоҷикон табрику муборакбод намуд. Сипас, сарояндагон аз ансамблҳои “Шашмақом”, “Дарё”, “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ансамбли “Чеҳранамо” – и донишгоҳ барномаи фарҳангии бошукӯҳеро пешкаши ҳозирин гардониданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 622 из 654 |