|
Баргузории конференсияҳои илмӣ дар сатҳи олӣ
Дар толори бинои асосии донишгоҳ 14-уми апрели соли равон конференсияҳои апрелии илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён оғоз гардид ва то 18-уми апрел идома ёфт.
Дар қисмати ифтитоҳӣ ректор, академик Н.Салимӣ сухан ронда, донишҷӯёнро ба омӯхтани илм даъват кард ва қайд намуд, ки агар аз оғози давраи донишҷӯӣ ба корҳои илмӣ машғул шаванд, ба манфиат хоҳад буд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ҶАШНҲОИ ОРИЁӢ

ШОҲНАЗАР Бердизода, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Дар таърихи тамаддуни башарият ҷашнвораеро ба мисли Наврӯз пайдо намудан кори муҳол мебошад. Наврӯз аз замонҳои хело қадим падид омада, то ба имрӯз асолати пойдору устувори худро ҳифз намудааст. Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии қавмҳои ориёист, ки то рӯзгори имрӯзаи мо пойдор ва бегазанд мондааст.
Муҳаққиқони асили илму таъриху фарҳанг хуб медонанд, ки ҷомеаи инсонӣ дар тӯлӣ таърих таҳаввулотҳои зиёдеро аз сар мегузаронанд. Давлатҳои гуногуни дунё дар давраи салтанаташон ҳамзамон ҷашнҳои зиёди бошукӯҳу шаҳомат доир мекунанд, аммо бо гузашти вақт ин ҷашнҳо манзалати худро аз даст дода, аз байн мераванд. Аз ин рӯ ҷашнҳои дар таърихномаҳо боқимонда бештар хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ дошта аз арзишҳои умумибашарӣ холӣ буданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ШАБИ ЭҶОДӢ ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН
18 марти соли 2022 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори Наврўзи байналмилалї шаби эҷодии мудири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, шоир ва адабиётшинос Абдуљаббори Суруш баргузор гардид. Дар маҳфил адибон ва олимони варзидаи кишвар, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар идомаи шоми шеъру адаб шоир Суруш ашъори тозаэҷоди худро манзури њозирин гардонид. Иштирок ва баромади устодони санъати тоҷик Баҳрулло Абдуллоев, Орзугул Хӯҷамова, Алишери Қаноатзода ва Гулпарӣ Орифзода ба маҳфил сафо ва файзи хосае бахшид.
|
|
|
Қатли мусалмон ҷиҳод нест
Ҳафтаи сипаришуда вохӯрии донишҷӯён бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизуллои Файз ва сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафоқулзода баргузор гардид.
Ректор, академик Н.Салимӣ ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз мулоқотро ташреҳ бахшид.
|
|
Таҷлили бошукӯҳи солгарди устод Айнӣ
Бахшида ба Рӯзи илм ва 140-солагии муаррих, нависанда, шоир, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ 15-уми апрел конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон аз Донишгоҳи миллӣ, докторони илм, профессорон А.Кӯчаров, А.Маҳмадаминов, Н.Ҳотамов ва дигар донишмандони макотиби олии пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғоз ректор, академик Н.Салимӣ аз саҳми устод С.Айнӣ дар рушди адабиёт ва хидматҳои ӯ барои миллати тоҷик нутқи пурмуҳтаво кард.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 623 из 654 |