|
Хабарҳо
|
|
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ
Бо оғоз шудани фасли баҳор ҷашни Наврӯз ҳам фаро мерасад. Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллӣ ва қадимии халқи тоҷик ба шумор рафта, тибқи бархе ривоятҳо аз замони шоҳ Ҷамшед ба мо ба мерос мондааст ва ҳамасола мо ин ҷашни ҳамакнун байналмилалиро дар айёми баҳорон ва бедоршавии табиат таҷлил менамоем. Ҳамин тавр, имсол низ санаи 18 март дар як қатор факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу тантанаи хосса мавриди истиқбол қарор гирифт.
|
|
|
«Навруста»-умеди нав дар ҷодаи тарҷума
Нахустин шумораи маҷаллаи «Навруста», ки муассиси он Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, интишор гардид. Мебояд гуфт, ки дар маърифатгоҳи мазкур ҳафт забон омӯзонида мешавад ва ҳадаф аз таъсиси ин маҷалла эҳёи мактаби тарҷумонист. Тавре ҳайати эҷодии «Навруста» иброз доштанд, мақсади асосии маҷалла аз он аст, ки хонандагони худро бештару беҳтар бо хусусиятҳои тарҷумаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ошно сохта, ҳамзамон, баргузидаи назму насри ҷаҳон, қиссаву ривоят, панду андарз, зарбулмасалу мақол ва дигар офаридаҳои бадеии оламиёнро бо тарҷума аз забони асл ба хонандагони тоҷик муаррифӣ намояд.
Ҳамчунин, дар маҷалла маводҳое ба дасти чоп мерасанд, ки онҳо аз таҷрибаи тарҷумонии устодони соҳибмактаб, аз ташаккули мактаби тарҷумонии адабиёти тоҷик ва марҳалаҳои рушду такомули он паём мерасонанд.
|
|
Равобити судманд тақвият меёбанд
Ректори донишгоҳ Н.Салимӣ бо директори фонди Сулҳ ва Тараққиёти Ҷумҳурии халқии Хитой Тиан Тенг ва ҳамкоронаш вохӯрии судманд анҷом дод. Дар мулоқот муовини ректор оид ба таълим М.Нарзуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.Абдуллоева, муовини ректор оид ба илм А.Муллоев ва сармуҳосиби донишгоҳ Б.Боқилов ширкат варзиданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон ҒАФФОРӢ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
НАВРӮЗ ИМСОЛ ФАЙЗИ ТОЗА ОРАД!
Муҳтарам устодон!
Донишҷӯёни азиз!
Дар диёри биҳиштосои мо, Тоҷикистони тозаистиқлол, чун ҳамеша боз фасли баҳор, фасли фархунда, эҳёи оламу одам ва бедории табиати афсункор домони фарохи саодатбори худро густурда, ҷашни бостонии аҷдодиамонро, ҷашнеро, ки имрӯз эътирофи ҷаҳонӣ дарёфтаву Наврӯз ном дорад, ба сарзамини куҳанбунёди мо овард.
Наврӯзи ҷаҳонии моро аҳли таҳқиқ сароғози офариниш, маншаи ҳаёт хондаанд. Аз забони ниёкони сухангустарамон бигӯем:
Баҳор имсол хуштар менамояд,
Ҷаҳон фирдавси дигар менамояд.
|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”
17 марти соли 2022 раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, дидан карданд. Дар намоиши мазкур ёдгориҳои нодири таъриху тамаддуни халқи тоҷик, ки дар Осорхонаи ҳунарҳои миллии Осиё “Гиме”-и Фаронса аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 муаррифӣ гардида буданд, ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Дар рафти боздид аз намоиш намояндагони сохторњои гуногуни донишгоњ дар бораи таъриху тамаддуни халқу миллати худ маълумотҳои тоза гирифтанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 624 из 654 |