• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

TIKA ба дастгирӣ омода аст

Ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ бо роҳбари ширкати Агентии TIKA Мустафа Бей 7-уми апрел мулоқот анҷом дод. М.Бей бо мақсади шиносоӣ бо роҳбари нави таълимгоҳ ва такмил бахшидани робитаҳои муштарак ба донишгоҳ ташриф оварда буд.

Сараввал ректор  меҳмонро хайрамақдам гуфта, сипас оид ба ҳамкориҳои минбаъда суҳбат карданд. Роҳбари ширкати  TIKA гуфт,

 
Хабарҳо

ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД!

17 марти соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид. Дар ин озмун муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 
Хабарҳо

МАҶЛИСИ ШУРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАРГУЗОР ГАРДИД

17 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси Шурои марказии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси ташкилоти ҷамъятии ҷавонон “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” Аҳмадзода Оятулло Изатулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, аъзои Шурои марказӣ, роҳбарони намояндагиҳои ташкилот дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

 

Таҷрибаомӯзӣ ҷамъбаст гардид

Дар толори фарҳангии донишгоҳ вобаста ба ҷамъбасти марҳилаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курсҳои 3-4 конференсия баргузор гардид. Ҳамоишро муовини ректор оид ба таълим М.Нарзуллоев ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Исломова оид ба натиҷаи фаъолияти таҷрибаомӯзон маърӯза ироа намуд.

 

Истифодаи инноватсия дар таълим

Тавре огоҳ ҳастем, дар донишгоҳ маркази робитаҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад ва лоиҳаҳои мухталифро амалӣ менамояд. Яке аз чунин лоиҳаҳо TEMPUS мебошад. Дар заминаи ҳамкорӣ бо ин лоиҳа профессори яке аз донишгоҳҳои шаҳри Вигои Испания, ҷаноби Мануэл Каиро Редригез ба маърифатгоҳи мо ташриф овард ва тӯли чор рӯз ба донишҷӯёни мунтахаби факултаи забони англисӣ дарсҳои лексионӣ гузаронид.

 


Страница 625 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj