• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

4 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан-Модар – тараннумгари меҳру сафо” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда табрик кард. Мавсуф зимни табрикоти хеш иброз дошт, ки зан – модар неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд мебошад.

 

Муборак бод Наврӯзи ҷаҳонӣ!

Паёми табрикии ректори донишгоҳ, академик

Носирҷон Салимов ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Устодони муҳтарам!

Донишҷӯёни азиз!

Дар диёри мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, боз фасли баҳор, фасли эҳёи оламу одам ва бедории табиати фусункор ҳукмфармо гашт ва ҷашни бостониву беназири аҷдодиамон, ҷашне, ки ҳамакнун эътирофи ҷаҳонӣ дораду варо Наврӯз ном аст, фаро расид.

Наврӯзи куҳанбунёди моро аҳли таҳқиқ сароғози офариниш, ибтидои ҳаёт хондаанд. Воқеан ҳам, Наврӯзи бостонӣ дар саргаҳи таърихи мо-ориёинажодон қарор дорад ва ҳамчун суннати пурарзиши миллӣ, ҳамчун ифодагари фарҳангу тамаддуни волои мо эътироф гардидааст.

Наврӯз чун рамзи ҳамбастагии инсону табиат, рамзи эҳёи оламу одам, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар залмот шинохта мешавад.

 

«Наврӯзнома»-и Президент

Наврӯз, ки табиатан гаравиш бо озодагиву ворастагӣ дорад, бо фарорасии даврони Истиқлолият дар Тоҷикистони азиз нафаси тоза дарёфту вусъати дигар пазируфт. Истиқлолияти диёри арҷманди мо, диёре, ки чун Ватани Наврӯз эътироф шудааст, барои ин ҷашни фархунда марҳилаи тозаеро оғоз бахшид, шуҳратфазои он гашт. Ва дар ин даврони шукуфоии халқи тоҷик низ, хушо, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар симои абармарди фарҳангпарвару хирадгустар Эмомалӣ Раҳмон посдори содиқу неруманди хешро дарёфт.

Президенти муҳтарами Тоҷикистон аз нахустқадамҳои мубораки хеш ба арсаи сиёсат баҳри арҷгузориву эҳтироми арзишҳои

 
Хабарҳо

ПРОБЛЕМАҲОИ ГЕНДЕРӢ ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН

03 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” мизи мудаввар дар мавзӯи “Проблемаҳои гендерӣ ва ҳалли масъалаҳои занону духтарон” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода, директори муассисаи худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе Манзура Саломова, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир Бибиҳафиза Маҷидова ва ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии асосҳои технологияи информатсионӣ Гулшан Ҷураева иштирок ва маърӯза карданд.

 
Хабарҳо

ДАРҲОИ ДОНИШГОҲ БА РӮИ ДОВТАЛАБОН БОЗ АСТ!

3 марти соли 2022 ҷиҳати ҷалб кардани довталабон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро хуш истиқбол гирифта, маводи тарғиботиву ташвиқотиро дастраси онҳо гардониданд.

 


Страница 630 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj