|
Хабарҳо
|
|
НИҲОЛШИНОНӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ОБОДОНӢ ВА РУШДИ МУҲИТИ САБЗ
Имрӯз дар боғи "Агробиолабораторӣ" воқеъ дар минтақаи Ромит, дар заминаи дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандон ва омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланд ба шинонидани дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла себ, пардохтанд. Иштироки дастаҷамъонаи ҳайати омӯзгорону кормандон бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарият ва ҷомеаи донишгоҳӣ ба масъалаҳои ободонӣ, ҳифзи муҳити зист ва густариши фарҳанги сабзгардонӣ мебошад.
Ҳамзамон, бо ҷалби техникаи кишоварзӣ қисмати дигари замин нарм карда шуд. Ин иқдом бо мақсади омода намудани замин барои шинонидани ниҳолҳои нав амалӣ гардида, дар марҳилаҳои минбаъда дар ин қитъа низ дарахтони мевадиҳанда шинонида хоҳанд шуд.
|
|
|
Суханронӣ ба ифтихори 30-солагии
истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
09.09.2021 19:44, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд.
Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.
|
|
Хабарҳо
|
|
АВВАЛИН МАРОТИБА — КИТОБИ «ТАЪРИХИ ҶУМҲУРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. РОҲНАМОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БАРОИ ДОНИШҶӮ»
 Ба тозагӣ китоби «Таърихи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон. Роҳнамои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯ» аз ҷониби ҳайати муаллифон — доктори илмҳои таърих, профессор Малика Зикриёева, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, номзади илмҳои таърих, дотсент Низора Хуҷасаидова, номзади илмҳои таърих, дотсент Назримуҳаммад Муродзода ва номзади илмҳои таърих, дотсент Ғайратшо Азаматзода ба нашр расид.
Дастури мазкур ҳамчун роҳнамои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯён таҳия гардида, як асари мукаммал, замонавӣ ва фарогир дар самти омӯзиши фанни таърихи давраи истиқлол ва ташкили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ба шумор меравад. Китоб зери назари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети таърих ва кафедраи таърихи халқи тоҷик омода гардида, бо қарори Шурои илмӣ-методӣ ба чоп тавсия шудааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /НИАТ «Ховар»/. Таджикистан и Кыргызстан договорились о полном прекращении огня и отводе войск. Соответствующий Протокол подписали сегодня председатель ГКНБ Таджикистана Саймумин Ятимов и глава ГКНБ Кыргызстана Камчыбек Ташиев, по итогам переговоров правительственных делегаций по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы в Баткенской области (Кыргызстан). Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на АКИpress.
|
|
Хабарҳо
|
|

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /НИАТ «Ховар»/. В Баткенской области (Кыргызстан) прошли переговоры правительственных делегаций по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы. Делегацию Таджикистана возглавил председатель ГКНБ Саймумин Ятимов, Кыргызстана — глава ГКНБ Камчыбек Ташиев, передает НИАТ «Ховар» со ссылкой на 24.kg.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 65 из 654 |