• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Қадрдонии шоир ва мутарҷим дар донишгоҳ

Дар толори фарҳангии донишгоҳ 1-уми декабр мулоқоти шоири рус, мутарҷим ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Михаил Синелников баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, шоирони маъруф  Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло ва дигар адибони шинохта ширкат варзиданд.

 
Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

31 январи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид, ки дар он аҳли раёсати донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доштанд.

Сароғоз ректори донишгоҳ профессор Н.У. Ғаффорӣ намояндагони ВАО-ро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта,  ҳозиринро бо натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 шинос кард.

 
Хабарҳо

 

АКСИЯИ “30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид. Ҳадафи аксияи мазкур иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи огоҳиву маърифати сиёсии онҳо дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, то замони ташкилёбии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.

 

Бе айнаки сиёҳ ба донишгоҳ биёед

Роҳбарӣ ҳам санъат, ҷидду ҷаҳд ва масъулияти ҷиддиву ҳамешагиро тақозо дорад. Хушбахтона, дар мо зиёданд теъдоди роҳбароне, ки фаъолияташон бозгӯи талаботи мазкур мебошад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонов низ аз ҷумлаи онҳост ва ӯ солҳост, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор мекунаду дар ин замина таҷрибаи ғаниву судманд андӯхтааст. Ба ин шахсияти шинохта дар кори роҳбарӣ ташаббускорию навоварӣ, бозҷӯиву дарёфт ва санҷишу таҷриба хос буда, пайваста мекӯшад,

 

Посухи раёсати донишгоҳ ба гузоришҳои иғвоангезонаи ВАО

Мехостем дар бораи як гузориши саропо туҳмат ва ҳуққабозонаи Радиои «Озодӣ» изҳори назар кунем, ки он бо супориши «хоҷагони бузургаш», ғаразнок сурат гирифта, аз ҷониби шумо бе санҷиш ва таҳқиқи амиқ интишор ёфтааст, маълумот манзур намоем.
Шумо дар шумораи расонаатон «Дар бораи сабақгардонӣ дар Донишгоҳи давлатии  омӯзгори  Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» мавод чоп карда,

 


Страница 641 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj