• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Омӯзиши забони тоҷикӣ вусъат меёбад

Дар донишгоҳи мо ҳамасола муҳаққиқон, магистрҳо ва аспирантони хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Лозим ба тазаккур аст, ки таълимгоҳи мо бо зиёда аз 40 макотиби олии бурунмарзӣ равобити мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.

Дар заминаи ҳамкориҳо ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Осиёи марказшиносии Донишгоҳи ба номи Ҳумболти шаҳри Берлин

 

Ректори Донишгоҳи Бошқирдистон-Доктори фахрӣ

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин бо унвони олии Доктори фахрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сарфароз гардид.

Дар оғози ҷаласа ректор А.Раҳмонов пиромуни тақвияти ҳамкориҳо ва тасвиби созишномаҳо изҳори андеша намуда, дар ин ҷода саҳми Р.Асадуллинро ниҳоят назаррас арзёбӣ кард. Дар такя бар гуфтаи ӯ, маҳз дар заминаи равобити ҳасанаи

 

Иштироки Президент дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар ДДОТ

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ "Ховар"). - Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави панҷошёнаи онро ифтитоҳ намуд ва дар тантанаҳои рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо шароити таълимии дар бинои нав муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он аз панҷ ошёна ва таҳхонаи босамар истифодашаванда иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта

 

Қаноатмандии муовини сарвазир аз равобити ҳамкориҳо (Аксҳо)

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Салават Сагитов, ки дар чорчӯбаи ҷаласаҳои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омадааст, 11-уми сентябр ба донишгоҳи мо ташриф овард. Дар ин сафар ӯро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, профессор Р.Асадуллин ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот бо ректор А.Раҳмонов ҷонибҳо аз барқароргардии риштаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Р.Асадуллин донишгоҳи моро ситоиш кард (Аксҳо)

Раиля Асадуллин, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ 10-уми сентябри соли ҷорӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректор, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.

Зимни суҳбат А.Раҳмонов ҳузури меҳмонро ба маърифатгоҳи мо натиҷаи нек ва назарраси ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт,

 


Страница 649 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj