|
Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни
30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт
09.09.2021 19:40, шаҳри Душанбе
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд.
Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.
Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ХОНИШИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДАРОЗОИ ТАЪРИХ» БАРГУЗОР ГАРДИД
 13 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсии навбатӣ таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз дар дарозои таърих» баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Қосимӣ Саъдӣ бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба таърихи пайдоиш, марҳилаҳои ташаккул ва ҷойгоҳи ҷашни Наврӯз дар тамаддуни башарӣ андешаронӣ карданд.
|
|
Хабарҳо
|
|

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /НИАТ «Ховар»/. В Баткенской области (Кыргызстан) прошли переговоры правительственных делегаций по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы. Делегацию Таджикистана возглавил председатель ГКНБ Саймумин Ятимов, Кыргызстана — глава ГКНБ Камчыбек Ташиев, передает НИАТ «Ховар» со ссылкой на 24.kg.
|
|
|
Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори
солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳарчанд сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
|
|
Хабарҳо
|
|
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РОҲҲОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ИНСТИТУТИ ГЁТЕ
Рӯзи 13 феврали соли 2026 дар доираи Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ, ки аз ҷониби факултети забонҳои Аврупо ва Осиё роҳандозӣ гардида буд, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Роҳҳои дарёфт ва ба даст овардани стипендияи Институти Гёте» баргузор гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 66 из 654 |