• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВИИ “ВАТАНПАРВАР” БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ БАЙНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ
Дар толори калони фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раёсати Донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонпарварона ва фарҳангпарвонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ҷиҳати иҷроиши нақша чорабиниҳои қисми тарбия дар ҳамабастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва
 

 

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати

30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2021 10:50, шаҳри Душанбе

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар майдони Дӯстии пойтахт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.

Ба истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ мусиқии тантанавӣ таҳти унвони “Навои ифтихор” иҷро карда шуд.

Маросими бошукуҳи ҷашнӣ, бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ шуруъ мегардад.

Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбии ротаи қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ, ба гузашти низомӣ гузориш дод.

 

 

Суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни

30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор доранд.

Чорабиниҳои расмии ин ҷашни муқаддас имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот оғоз мешавад.

Ба ифтихори ин санаи мубораку сарнавиштсоз тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шуморо, ки ҳоло дар ин майдон саф оростаед, самимона табрик мегӯям.

Ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.

Дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақши барҷастаи таърихиро иҷро карданд.

Ба хотири таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи сокинони кишвар садҳо нафар афсарону сарбозони шуҷои мо ҷони худро қурбон карданд, ки мо дар ин лаҳзаҳои ботантана ва ҳамеша номи нек ва хотираи онҳоро гиромӣ медорем.

 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ «МАГИСТРАНТИ СОЛ» ДАР ДОНИШГОҲ
Рӯзи 12 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои болаёқати илмӣ, тақвияти фаъолияти таҳқиқотии магистрантон, рушди тафаккури таҳлилӣ ва дастгирии ташаббусҳои навоварона миёни донишҷӯёни зинаи магистратура мебошад.
 
Хабарҳо

كسندر كنيازيف: “تصريح تاشييف استفزازي وغير مقبول”

 


Страница 68 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj